Вазорати маориф рӯзи якшанберо “дарсӣ” эълон кард
Вазорати маорифи Тоҷикистон, 1-уми сентябрро, ки ба рӯзи якшанбе рост меояд, дарсӣ эълон намудааст.
Аз Вазорати маорифи Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд аз рӯи қонунгузорӣ аз душанбе то шанбе рӯзҳои дарсӣ мебошанд: “Ба хотире, ки 1-уми сентябр ба рӯзи якшанбе рост омадааст, ин рӯз дарсӣ хоҳад буд ва ба ҷои он, шанбеи 7-уми сентябр, рӯзи истироҳат хоҳад буд.”
Ба иттилои Вазорат, 1-уми сентябр аз соати 8 то 9-и субҳ дар макотиб ҷамъомад ба хотири Рӯзи дониш ва пас аз он барои талабагон дарси аввал гузаронида мешавад.