Рамазон Раҳимов: Муҳоҷирати тоҷикон як имтиҳон аст
Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ки айни ҳол дар Русия қарор дорад, бо муҳоҷирони тоҷик дар округи Урал мулоқот намуда, аз онҳо даъват кардааст, ки «кӯшиш кунед ба қонунҳои амалкунандаи ин кишвар, дину оин, урфу одат ва арзишҳои олии ин кишвар эҳтиром гузошта, фарҳангу тамаддуни баланди миллати тоҷикро нишон диҳед.»
Тибқи иттилои ВКД, Рамазон Раҳимов дар ин мулоқот қайд намудааст, ки раванди муҳоҷирати меҳнатӣ имрӯз дар тамоми давлатҳои дунё ҷараён дорад, аз ин рӯ бо мақсади беҳбудии рӯзгор ва фароҳам овардани шароиту имконоти хуби зиндагӣ шаҳрвандон ҳамон кишвареро интихоб мекунанд, ки он ҷо имконияти бештару беҳтар мавҷуд аст: «Дурӣ аз диёри хеш, ҷудоӣ аз наздикону пайвандон, ин худ як имтиҳони зиндагист, ки ба ҳама ин мушкиливу камбудиҳои ҳаёт нигоҳ накарда, шумо бо кору таҳсил ва меҳнати садоқатмандонаву софдилона шарафу номуси тоҷику тоҷикистониро ҳифз менамоед».
Рамазон Раҳимов дар хитоб ба муҳоҷирон иброз доштааст, ки ки мо ҳамеша дар фикри шумо ҳастем, шуморо дастгирӣ менамоем ва Вазорати корҳои дохилӣ ҳамеша талош менамояд, ки ба ҳалли масъалаҳои ҷойдошта ва мушкилоте, ки дар кору фаъолияти шумо пайдо мешаванд, дасти кӯмак дароз намояд.
Ин мулоқот дар ҳолест, ки вазири умури дохилии Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи мушовараи якҷоя миёни вазорати корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон дар Русия қарор дорад.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, яке аз масъалаҳои асосии ин мушовара, ки имрӯз, 27-уми август, дар Екатеринбург ба анҷом мерасад, роҳандозии ҳамкории сохторҳо ҷилавгирӣ аз интиқол ва қочоқи маводи мухаддир мебошад. Дар доираи ин ҷаласа имзои як қатор санадҳо, аз қабили барномаи ҳамкорӣ миёни ин ду ниҳод, дурнамои фаъолияти якҷояи ҷонибҳо дар заминаи ошкор ва баррасии ҷиноётҳои сангин ва ниҳоят сангин барои соли 2014 дар назар аст.