(АКС) Флэш моб ба тарафдории Зайд Саидов дар Душанбе
Имрӯз, 27-уми август, ки аз боздошти Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик расо сад рӯз пур мешавад, дар маркази Душанбе ба ҷонибдории ӯ як флэш-моб ташкил гардид.
Тавре хабарнигори “Озодагон” аз ҷои ҳодиса хабар медиҳад, дар кӯчаи Мирзо Турсунзода, дар маркази Душанбе беш 50 фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷамъ гардида ба хотири раҳоии Зайд Саидов, ки расо 100 рӯз дар боздоштгоҳ қарор дорад, сад кабӯтар ва як акси калони Зайд бо пуфакҳои газдор ба фазои кушод сар дода шуданд.
Ин иқдом аз тарафи гуруҳи ташаббускорони таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” гирифта шуда, ба андешаи онҳо, мақсади он ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба қазияи Зайд мебошад.
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ дар порагирӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ва водор намудан ба исқоти ҳамл муттаҳам мешавад. Коршиносони тоҷик иттиҳомот алайҳи Зайд Саидовро супоришӣ унвон карда, ба азмаш барои ворид шудан ба майдони сиёсат марбут медонанд, аммо масъулини Оҷонсии зидди фасод қатъиян ин иддаоро рад мекунанд.
Айни ҳол парвандаи Зайд Саидов, барои омӯзиш ба додситонӣ ирсол шудааст. Вакилони дифои Зайд аз додситонӣ талаб доранд, ки тамоми иттиҳомот алайҳи зерҳимояашон лағв гардад, чун тафтишот далели қатъие дар даст надорад.