Таъкиди президент ба шаффофияти интихобот
Интихоботи парлумонии Туркманистон зери муроқабати нозирони байналмилалӣ баргузор хоҳад шуд.
Ба иттилои расонаҳои туркманӣ, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон ба раиси маҷлиси кишвараш дастур додааст, то барои ҳузур ва фаъолияти нозирони байналмилалӣ шароити муносиб фароҳам созад.
Манбаъ мегӯяд, Бердимуҳаммадов инчунин ба баргузории интихоботи парлумонии Туркманистон дар асоси усулҳои демократӣ ва шаффофият таъкид кардааст.
Бар асоси гуфтаи Комиссияи марказии интихоботи Туркманистон интихоботи парлумонии ин кишвар 15 сентябри соли ҷорӣ баргузор шуда, интизор меравад, барои бори аввал дар ин кишвар ду ҳизб барои курсӣ дар парлумон вориди корзор шаванд.
Маврид ба зикр аст, ки давраи Маҷлиси Туркманистон 5 сол мебошад.