(АКС) Тоҷикистон аз дурбини Николас Виоми фаронсавӣ
Николас Виом, аксбардори машҳури фаронсавӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 100 аксро, ки дар нуқтаҳои гуногуни Тоҷикистон гирифтааст, ба намоиш гузошт.
Ин намоиши аксҳо зери унвони “Боғи Умед” “Нигори нав ба ҳастии зиндаи Тоҷикистон”, 24-уми август оғоз гардида, то 15-уми октябр идома хоҳад дошт.
Николас Виом, ки ҳамчунин роҳбари Анҷумании «Conversations du Monde»-и Фаронса мебошад, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, “Тоҷикистон табиати бой дорад, вале дар инҷо онро қадр намекунанд. Ман тавасути аксбардорам зебоии Тоҷикистон ва нафаронеро, ки дар ин зебоӣ саҳм доранд, ба намоиш гузоштам. Тоҷикистонро барои он интихоб кардам, ки куҳҳоро дуст медорам. Бисёр лоиҳаҳоро, ки вобаста ба кӯҳҳо буд роҳандозӣ намудаам. Се сол пеш ман як лоиҳаи пажуҳиширо дар кӯҳҳои Помир амалӣ кардам.”
Николос Виом афзуд, дар қатори мушкилиҳое, ки ҳангоми аксбардорӣ рӯ ба рӯ шудааст, аз ҷумла нақлиётро ном бурд: “Дар тули се сол ман се маротиба ба Тоҷикистон омадам ва барои ин лоиҳа зиёда аз 50 ҳазор доллари ИМА сарф шудааст. Дар ин ҷо хизматрасонии нақлиёт хеле гарон аст. Баъзе ҷойҳо хеле баланд ва хунук буданд, дар баъзе ҷойҳо автомобилҳо ҳаракат карда наметавонистанд”.
Николас Виом нақша дорад, ки намоиши аксҳои худро дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон ва инчунин дар Русия барои шаҳрвандони тоҷик баргузор намояд, то ин, ки шаҳрвандони тоҷик аз зебогии кишварашон фахр намоянд.