“Шиносбозӣ” дар Суди Олӣ
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи як сокини шаҳри Душанбе, Ишонхонов.Ҷ айб эълон кардааст, ки ӯ бо ваъдаи шиносбозӣ дар Суди олӣ аз як корафтода ду маротиба 2,5 ҳазор долларӣ пора гирифтааст.
Тибқи иттилои Оҷонсии фасод, ин сокини Душанбе бо мақсади тасаруфи амволи ғайр бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд, Фучаджи Михаил Фёдорович даромада, ӯро бовар кунонидааст, ки гуё дар мақомоти Суди Олии Тоҷикистон шинос дорад ва метавонад баҳси судиро дар хусуси тақсимоти молу мулки хоҳараш ба фоидаи онҳо ҳал намояд.
Манбаъ мегӯяд, бо ин ваъдааш Ишонхонов аз Фучаджи ду маротиба, 2,5 ҳазор долларӣ, ҷамъ ба маблағи 5000 доллари амрикоӣ пора гирифта, ба манфиати шахсии худ сарф намудаааст.
Оҷонсӣ таъкид дорад, ки бо ин амалаш Ишонхонов ба Фучаджи зарари махсусан калони моддӣ расонидааст ва айни ҳол нисбати гумонбаршаванда бо банди «б»-и қисми 4 моддаҳои 245-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон айб эълон гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.