Набудани Месси ҳам ба рақибон мадад накард
Имрӯз, 26-уми август дар доираи даври дуюми чемпионати Испания ду бозӣ анҷом мешавад.
«Реал» бо «Гранад» ва «Бетис» бо «Селт» вориди рақобат хоҳанд шуд. Рӯзи гузашта тими «Барселона» дар бозии даври дуюм дастаи «Малага»-ро шикаст дод. Ҳисоб 1:0 поён ёфт.
Голи ягонаи дидорро Адриано Коррей дар дақиқаи 44-ум ба ҳадаф расонд. Дар ин рақобат ҳамлагари «Барселона»-Месси бо далели лат хӯрдани устухони ронаш ширкат надошт.
Дирӯз ҳамчунин «Левант» бо «Севил» вориди рақобат шуданд. Ин дидор мусовӣ-0:0 ба анҷом расид.
Даври сеюми мусобиқаи Испания 31-уми август бо дидори «Райо Валекано» ва «Левант» шурӯъ мегардад.