Боздошти як гуруҳи ниқобпӯшон барои авбошӣ дар Рашт
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як гуруҳ ҷавонони ниқобпӯш дар ноҳияи Рашт хабар медиҳад, ки меҳмонони як хонуми ҳамдеҳаашонро латту кӯб кардаанд.
Тибқи иттилои ВКД, боздоштшудагон, Деҳқонов Шарифҷон, соли таваллудаш 1993, Деҳқонов Хуршед, соли таваллудаш 1992, Зикиров Ҳабибулло, соли таваллдуаш 1990, Ҷононов Аҳлиддин, соли таваллудаш 1990 ва Собиров Собирҷон, соли таваллудаш 1994, сокинони деҳаи Қаландаки ноҳияи Рашт, дар ҳамла ва қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ гумонбар мешаванд.
Манбаъ мегӯяд, дастгиршудагон ниқоб пӯшида ба меҳмонони деҳаашон ҳамла кардаанд: “Аз ҷумла Ҷононов Рустамҷон, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Рашт ва Қаландаров Фирӯз Обидович, соли таваллудаш 1984, сокини ҳамин ноҳия ба мақомоти пулис муроҷиат намуданд, ки санаи 23 августи соли 2013 онҳо ба деҳаи Қаландаки ноҳияи Рашт барои харидани чорвои майда рафта, бо таклифи шиносашон Нозимова Моҳикалон Маҳмадиевна, соли таваллудаш 1979, ба хонаи ӯ, воқеъ дар деҳаи Қаландак, даромадаанд.”
Ба гуфтаи манбаъ ҳангоми ворид шудан, дар назди ҳавлӣ чанд нафар шахсони ниқобпӯш бо корд ва калтак ба меҳмонон ҳамла намуда, аз ҳиссиёти авбошӣ онҳоро лату кӯб намудаанд, ки дар натиҷа ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.