Дипломатҳои масти узбак ронандаи қирғизро лату кӯб карданд
Дипломатҳои узбак дар Қирғизистон дар лату кӯби як ронандаи қирғиз дар ҳолати мастӣ айбдор мешаванд.
Расонаи қирғизии “kyrtag.kg” менависад, шоми 22 ба 23 –уми августи соли ҷорӣ ронандаи автомошинаи “Toyota Prado”, марбут ба сафорати Узбакистон дар Қирғизистон аз сабаби беэътиноӣ ба қоидаи ҳаракат дар роҳ дар яке аз кучаҳои марказии шаҳри Бишкек бо мошини “ВАЗ- 2106” бар хурдааст.
“Дар натиҷа ду дипломати узбак аз мошин поин шуда, ронандаи “ВАЗ- 2106”-ро, ки шаҳрванди Қирғизистон мебошад, латукӯб намудаанд.”-мегӯяд, ин торнамо.
Кyrtag.kg аз қавли шоҳидони ин ҳодиса иттилоъ додааст, ки дипломатҳои узбак ҳангоми рух додани ин садама дар ҳолати мастӣ қарор дошта, суханҳои қабеҳ ба ронандаи қирғиз раво дидаанд: “Ҳангоми ҳозир шудани кормандони БДА дипломатҳои узбак аз масунияти худ истифода карда, аз итоат ба онҳо саркашӣ кардаанд.”
Гуфта мешавад, дар баробари Комил Рашидов, сафири Узбакистон дар Қирғизистон , консули узбак дар ин кишвар низ иштирокчии ҳодисаи мазкур хонда шудааст.
Дар ҳамин ҳол торнамои ca-news.org такя ба дафтари матбуотии Вазоарати умури дохилии Қирғизитон хабар додааст, ки ин ниҳод дар робита ба қазияи мазкур ба Вазорати умури хориҷии Узбакистон нота ирсол кардааст.