Судяи нав ба мурофиаи ду маҳбуси муттаҳам ба дуруғгӯӣ дер кардааст
Ҷониби мудофеи ду маҳбуси муттаҳам ба дуруғгӯӣ Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, бо нишони эътироз аз дермонии раисикунандаи нави парванда, Улуғбек Мустафоқулов аз иштирок дар мурофиаи додгоҳӣ даст кашидаанд.
Ба гуфтаи ҳимоятгарон, баррасии парванда имрӯз, 26-уми август дар назар буд, аммо раисикунанда Мустафоқулов, саривақт ба ҷойи мурофиа, СИЗО-и Хуҷанд ҳозир нашудааст ва ин дермониро ҳомиёни маҳбусон нақзи ҳуқуқҳои худ ва зерҳимояҳояшон хонда аз иштирок дар мурофиа даст кашидаанд.
Инчунин Маҳмурод Ризоев, падари Сунатулло, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, “мо талаб дорем, мурофиаи додгоҳӣ дар толори суди Хуҷанд баргузор гардад, на дар СИЗО. Раискунандаи нави парванда Улуғбек Мустафоқулов ба мо гуфт, инро баррасӣ мекунад.”
“Агар дар толори судӣ мурофиаро баргузор накунанд ман боз ба зинаҳои боло муроҷиат мекунам. Мо намегузорем, ки мурофиаи судӣ дар боздоштгоҳ сурат гирад”-афзуд Маҳмурод Ризоев.
Маврид ба зикр аст, ки баъди дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи ҷо ба ҷокунии додрасҳо, судяи баррасикунандаи парвандаи Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев низ иваз шуда, ба ҷои Мусалмон Шарипов, додраси дигари Хуҷанд, Улуғбек Мустафоқулов раисикунандаи парванда таъин шудааст.
Аммо дар аҳди раисикунандаи нав низ бори чандум аст, ки баррасии парванда ба таъхир гузошта мешавад. Ин ду маҳбус барои паҳни иттилои бардурӯғ дар мавриди шиканҷа дар зиндонҳо муттаҳам мешаванд.
Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, тирамоҳи соли гузашта, дар пайи марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами аввали Душанбе, ҳамроҳ бо маҳбусони дигар ба маҳбаси Хуҷанд интиқол ёфтанд ва айни ҳол барои пахши ахбори дурӯғин оиди шиканҷа дар зиндони Хуҷанд муттаҳам мешаванд. Садриддин Тошев мулаққаб ба "Қорӣ" дар даврони ҷанги дохилӣ яке аз фармондеҳони нерӯҳои мухолифин дар ҷабҳаи Обигарм маҳсуб мешуд.