Боздошти муттаҳам ба куштори хонаводаи Халлоқовҳо дар Чоркуҳ
Қурмонакун Матенов, сардори Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз боздошти як гумонбар ба куштори хонаводаи тоҷик дар ҷамоати Чоркуҳи ноҳияи Исфара хабар додааст.
Тибқи иттилои бахшии русии хабаргузории “Озодагон” Матенов изҳор доштааст, ки “ба ман аз боздошти як муттаҳам ба куштори хонаводаи тоҷик дар ҷамоати Чоркуҳи ноҳияи Исфара хабар доданд. Ин як шаҳрванди худи Тоҷикистон буда, аллакай дар боздоштгоҳ қарор дорад. Тибқи иттилое, ки ба мо доданд, куштор дар заминаи муноқишаи маишӣ сурат гирифтааст.”
Қаблан мақомоти тоҷику қирғиз барои ошкорсозии қотилони хонаводаи Халлоқов ситоди муштарак таъсис дода буданд ва ҳатто барои мусоидат мукофот дар ҳаҷми 10 ҳазор доллари амрикоӣ ваъда доданд.
Улан Рисбеков масъули пулиси Бодканди Қирғизистон, дар пайи куштори хонаводаи Халлоқов изҳор дошта буд, ки “ҷониби Тоҷикистон дар қатли Халлоқовҳо қирғизҳоро айбдор мекунад, ки ин дар навбати худ метавонад бетартибиҳоро ба бор орад. Алакай бархе аз кудакон ва занҳои деҳаи Самарқандак минтақаи баҳсноки марзиро тарк карда истодаанд. Аммо дар маҷмуъ вазъият таҳти назорат мебошад.”
Маврид ба зикр аст, ки шоми 19 ба 20-уми август, дар ҷамоати Чоркуҳи ноҳияи Исфара болои як хонаводаи тоҷик шабохуни мусаллаҳона сурат гирифта буд.
Дар натиҷаи он 4 узви ин хонавода, Бобо Ҳаллоқови 61-сола, ҳамсари ӯ, духтараш, ки ба меҳмонӣ омадааст ва наберааш ба ҳалокат расида буданд. Тибқи иттилои мақомоти пулиси тоҷик, набераи 12-солаи соҳибхона дар шуъбаи эҳёгарии беморхона ҷон бохтааст.