ҲНИТ аз мақомоти давлатӣ хотимаи фишорҳо ба ҳизбро талаб кард
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз “дахолати ошкори мақомоти давлатӣ” ба фаъолияти ҳизб, ки ба гуфтаи онҳо “ахиран дар маҳалҳо хеле афзоиш ёфта, тавассути шабакаҳои телевизионӣ мустақим намоиш дода мешаванд” нигаронӣ карда, онро мухолиф ба моддаҳои 14, 27, 28 ва 29-и Сарқонун ва моддаҳои 10 ва 15-уми қонун “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” унвон кард.
Муҳаммадалӣ Ҳаит, муовини аввали раиси ҲНИТ, ки имрӯз 24-уми август зимни нишасти матбуотие дар қароргоҳои марказии ин ҳизб дар Душанбе дар ин бора суҳбат мекард, гуфт, аз тарафи раҳбарияти ҳизб барои аз байн бурдани нофаҳмиҳо миёни ҲНИТ ва қукумат талошҳо шудааст, вале мутаассифона бенатиҷа анҷом ёфтанд.
Муовини раиси ҲНИТ мегӯяд, ин ҳизб аз он варианти иштирокаш дар корзори интихобот, ки агар Эмомалӣ Раҳмон ба гуфтаи созишномаҳои соли 1997 пойбанд боқӣ монад, аз номзадии ӯ пуштибонӣ хоҳад кард, даст кашидааст. Зеро ба гуфтаи Ҳаит, бо вуҷуди ин тасмими ҲНИТ вазъ ҳамоно печида боқист: “Аз ин рӯ, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ эълон кард, ки варианти аввал лағв шуд ва мо аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон пуштибоӣ нахоҳем кард.”
Масъулони ҲНИТ бо нашри баёнияе дар ин нишасти хабарӣ гуфтанд, “пӯшида нест, ки ташкили ин гуна барномаҳо дар шабакаҳои телевизиони давлатӣ аз тарафи мақомоти марказӣ ва бар асоси “Протоколи 32-20” роҳандозӣ мегарданд ва ҳадаф бадномсозиву аз байн бурдани обрӯву ҳайсияти ин ҳизби сиёсӣ дар ҷомеа мебошад”.
Дар баёнияи ҲНИТ аз ҷумла гуфта мешавад, ки “барои афроди огоҳ маълум аст, ки даст задани мақомот ва ҳизби ҳоким ба ин гуна қонуншиканиҳо ба хотири тарсашон аз ҷонибдории мардум аз номзади ҲНИТ ва Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон дар интихоботи қарибулвуқӯъи Президентӣ мебошад. Бинобар ин бо роҳи ворид намудани фишор, зӯроварӣ таъқибу таҳқир ва ҳатто ҳавасмандгардонӣ, ба фалаҷсозии ниҳодҳои ҳизбӣ дар маҳалҳо рӯ овардаанд. Бояд ёдовар шуд, ки қабул ва хориҷ кардан аз узвияти ҳизб танҳо салоҳият ва вазифаи оинномавии ҳизб мебошад, вале мақомоти давлатӣ бо роҳҳои ғайриқонунии гуногун аризаҳои хориҷ шудан аз ҲНИТ-ро аз аъзои ҳизб мегиранд”.
Ҳамчунин дар идомаи баёния омадааст: “Ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои ахир аз сафи ҲХДТ беш аз 20 ҳазор аъзои ин ҳизб бо ҷурму ҷиноятҳои мухталиф, аз қабили ришватситонӣ, дуздии моликияти давлатӣ ва сӯистифода аз мансаб барканор карда шуданд, ки дар ин бора шабакаҳои телевизионӣ ва расонаҳои давлатӣ чизе намегӯянд”.
-Дар зимн бояд хотирасон кард, ки баъди рӯи даст гирифтани баъзе барномаҳо, роҳбарияти ҲНИТ ба хотири гуногунандешӣ ва бо дастрасӣ ба Қонуни ҶТ “Дар бораи ВАО” ба роҳбарияти Кумитаи давлатии радио ва телевизион барои баёни воқеъият муроҷиат намуд. Вале мутаассифона ин дархост мавриди пазириш қарор нагирифта, ҳамарӯза нашри ин гуна барномаҳои “сиёҳкунии ҲНИТ” ва барангезандаи нофаҳмиву ихтилоф байни қишрҳои ҷомеа идома дорад. Роҳбарияти ҲНИТ ин иқдом ва амалҳои ғайриқонуниро шадидан маҳкум намуда, аз мақомоти давлатӣ хотима додани онро талаб менамояд, -гуфта мешавад дар баёнияи ҲНИТ.