ИМА пойгоҳаш аз “Манас”-ро ба Кӯлоб мекучонад?
Мақомоти Қирғизистон тақдири пойгоҳи ҳарбии Амрико дар “Манас”-ро ҳал карданд. Он баста мешавад. Дар ҳамин ҳол, фармондеҳии низомии Амрико иттилоъ додааст, ки тасмим дорад, барои пойгоҳаш макони нав биҷӯяд. Миёни вариантҳо Актау ва Шимкенти Қазоқистон низ ҳаст, навиштааст "Курсив".
Ҷон Миллард, қумондони пойгоҳи ҳарбии ИМА дар Қирғизистон дар мусоҳибае ба шабакаи телевизионии Pentagon Channel-и Амрико гуфтааст, онҳо хатми фаъолият дар минтақаро дар нақша надоранд, балки масъалаи “кӯчидан ба ҷои дигар”-ро баррасӣ мекунанд.
Ба навиштаи торнамои stanradar.com то 11-уми январи соли 2014 бояд тамоми музокироти лозима дар заминаи хатми фаъолияти пойгоҳи Амрико дар “Манас” ба анҷом расида, фасли тобистон амрикоиҳо Бишкекро тарк намоянд.
Пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Бишкек, ки баъдан расман Маркази ҳамлу нақл ном гирифт, моҳи декабри соли 2007 дар фурудгоҳи байналмилалии “Манас” таъсис ёфт ва то имрӯз барои интиқоли борҳо ба Афғонистон хидмат мекунад.
Тибқи иттилои расмӣ дар ин марказ 1,5 ҳазор шаҳрванди низомӣ ва мулкии Амрико ҳузур доранд.
Ба қавли сиёсатшинос Қурбон Ювшанов Осиёи Марказӣ барои амрикоиҳо муҳим аст ва онҳо ҳатман барои дарёфти пойгоҳе, ки “Манас”-ро иваз кунад талош мекунанд, -хабар додааст манбаъ.
Шояд ИМА барои дар Қазоқистон мустақкар намудани пойгоҳи ҳарбияш талош намояд. Аммо низомиёни амрикоӣ ҳоло намехоҳанд, нақшаҳояшон дар мавриди эҳтимоли интиқоли пойгоҳро ошкор созанд. Шояд онҳо ҳанӯз умед доранд, ки мақомоти Қирғизистонро барои бозбинии созишномаи “Манас” розӣ мекунанд. Зеро ба иттилои манбаъ, изҳороти Ҷон Миллард баъдан аз торнамои расмии шабакаи Пентагон ҳазф шуд.
“Коршиносон таъкид мекунанд, ки амрикоиҳо якбора чанд вариантро дар Осиёи Марказӣ, ки метавонад пойгоҳи ҳарбӣ кӯч дода шавад, баррасӣ хоҳанд кард, аз ҷумла онҳо Актау ва Шимкенти Қазоқистон, Кӯлоби Тоҷикистон ва Тирмизи Узбакистонро дар назар хоҳанд дошт”,-навиштааст сарчашма.