Кохи Сафед эътироф кард, ки ба шуришиёни Сурия кумак кардааст
Сухангуи Кохи Сафед дар як нишасти хабарӣ эътироф кард, Амрико то кунун ба шуришиҳои Сурия кумак кардааст.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, сухангуи Кохи Сафед дар як нишасти хабарӣ эътироф кард, Амрико то кунун ба шуришиҳои Сурия кумак кардааст.
Бино ба гузориши “ЁҳуНюз”, сухангуи Кохи Сафед дар ин нишасти хабарӣ ба иддаоҳои истифодаи артиши Сурия аз силоҳҳои кимиёӣ дар Сурия ишора кард ва гуфт, Амрико ин мавзуъро комилан ғайри қобили қабул медонад.
Нооромӣ дар Сурия беш аз ду сол қабл аз замоне, ки террористҳои вобаста ба Ал-қоида дархости сулҳомези мардум барои тағйир дар ин кишварро рад карданд ва дигар кишварҳое, ки бо давлати Сурия хусумат доштанд, ба ҷабҳаи мухолифи Асад пайвастанд, оғоз шуд.
Дар нооромиҳо дар Сурия, беш аз сад ҳазор кушта ва милионҳо нафар овора ва бехонамон шудаанд.
Гузоришҳои зиёде нишон медиҳад шумори зиёде аз афродеро, ки дар Сурия дар ҳоли мубориза бо давлати ин кишвар ҳастанд, шаҳрвандони хориҷии кишварҳои мухталиф ташкил медиҳанд.
Мухолифони мусаллаҳи сурӣ, дар ҳоле ки қарор аст бозрасони таслиҳотии Созмони милал барои таҳқиқ дар бораи истифода аз силоҳҳои кимиёӣ дар минтақаи Хонуласал вориди Димишқ шаванд, дар иддаои тозае артиши Сурияро ба истифода аз гази маргбори зорин дар манотиқе аз Алғута Алшарқия, дар атрофи Димишқ муттаҳам кардаанд. Зорин яке аз хатарноктарин газҳои заҳрогинаст, ки қудрати кушандагии он аз газҳои хардал ва хлор ҳамбештар аст. Иддаои истифодаи Башор Асад аз силоҳҳои химиёӣ аз муддатҳо беш дар марҳалаҳои мухталиф алайҳи давлати вай матраҳ шудааст.
Вазири иттилоърасонии Сурия иддаои мухолифони сурӣ дар бораи истифодаи артиши Сурия аз силоҳҳои кимиёиро рад кард ва таъкид кард, ин гузоришҳо талоши бархе расонаҳои ғарбӣ барои фазосозӣ алайҳи Сурия аст.