Бардошти Юлия Костенко аз ҳузури чандрӯза дар Душанбе
Юлия Костенко як хабарнигори қирғиз, ки тӯли чанд муддат барои иштирок дар конфронси об дар Душанбе қарор дошт, дар матлабе бо номи “Душанбе-шаҳре, ки мехоҳӣ, дубора ба он баргардӣ” таассуроти худро навиштааст.
Юлия менависад Тоҷикистон, ҳарчанд ҷанги шаҳрвандии 5 соларо аз сар гузарондааст, солҳои охир барои рушд муваффақ шудааст ва имрӯзҳо ягон нафар намехоҳад он замонро ба ёд орад.
Ӯ менависад барои ошноӣ бо Душанбе ним рӯз вақт доштам: Вақти зиёди худро ҳайати Қирғизистон дар бинои ҳукуматии “Кохи Сомон”, ки дар маркази шаҳр ҷойгир аст, гузаронд. Ягон деворҳои баланди бетонӣ ва посбонҳои сахтгир дар онҷо набуд.
Дар сабзаҳои назди бино метавон шаҳрвандонеро дид, ки оромона истироҳат мекарданд. Онҳоро пеш намекунанд, манъ намекунанд, ки акс гиранд ва сокинон аз салқинии фавораҳои зиёд ҳаловат мебурданд.
Ҳайати мо, ки барои иштирок дар конфронси байналмиллалии об ба Душанбе рафта буд, дар даромадгоҳи қароргоҳи хукумат танҳо тавассути дастгоҳи ҷӯяндаи фулузот тафтиш мекарданд. Аҷобат ҳам дар ин буд, ки мисли сафарҳои гузашта ҷузвдони моро ҷӯяндаҳои тоҷик бетартибона намекофтанд. Дар муқоиса бо муҳофизони давлатии мансабдорон, эҳтиёткорӣ ва маърифати онҳо моро ба ҳайрат гузошт.
Дар гулгаштҳои соягии “Кохи Сомон” ғайриинтизор бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба рӯ шудем. Вай фараҳмандона журналистони Қирғизистонро пешвоз гирифт.
Шояд ба назар намояд, ки чунин як бархурди хуб танҳо барои чорабинии сатҳи баланд бошад. Вале чунин нафарони меҳрубон дар меҳмонхона, ошхонаҳо, кӯчаҳо ва нуқтаҳои асъор моро қабул менамуданд.
Душанбе ба таври комил аз Бишкек фарқ мекунад. Он тавонистааст намуди такрорнашавандаи пойтахти як кишвари шарқиро нигоҳ дорад.
Дар меъмории биноҳои баланди нав, намои қасрҳои афсонавиро дидан мумкин аст. Аммо онҳо бузургманишона наменамоянд. Бинои парлумонро бидуни кӯмаки сокинони маҳаллӣ мо пайдо карда наметавонистем. Бинои дуошёнаи замони шуравӣ, ки миёни дарахтон гум шудааст. Дар фаввораи назди даромадгоҳи он кӯдакон оббозӣ карда, худро аз гармии тобистон наҷот медиҳанд. Девори баланд, ки мардуми Қирғизистонро аз намояндагони он ҷудо мекунад, ин ҷо дида намешавад ва бовар дорам ҳаргиз пайдо нахоҳад шуд.
Душанбегиҳо боадолатона ҷавоб медиҳанд, ки “дар мо ду инқилоб мисли Қирғизистон нагузаштааст”.
Ин ҳам дуруст аст. Дар майдони сиёсии Тоҷикистон ҳама чиз ором аст. Натиҷаи интихоботи президентии пешистода, ки ноябри соли 2013 бояд баргузор гардад аллакай муайян аст. Кори чандон зиёд нест-райъдиҳандагони Раҳмонро ҳисоб кардан лозим аст.
Мутлақо, оромии кишварро дар хизматҳои президент медонанд. Кишваре, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузарондааст, якмаром ва қотеъона рушд карда истодааст. Тартибот дар кӯчаҳо на камтар аз Аврупо, роҳҳо дар шароити идеалӣ, дар ҳамаи ҷо сохтмони бино ва маҷмааҳои нав рафта истодааст. Дар роҳҳои зеризаминӣ аквариумҳо бо моҳиёни зинда гузошта шудааст.
Дар наздикии майдони Дустӣ чанд майдони дигар низ вокеъ аст. Сокинон мегӯянд, ин ҷо пештар боғи чархофалакҳо ҷойгир буд. Ҳоло ба ҷои он маҷмааи ёдгорӣ барпо шудааст. Ин ҷо ҳамчунин парчами баландтарин, нишон, Қасри миллат ва осорхонаи миллӣ чойгир аст.
Душанбеи аҷиб ва меҳмоннавоз....Барои ошноии наздиктар ба онҷо бар гаштан меарзад.