“Ҳамла”-и навбатии сенаторҳои узбак ба ТАЛКО
Аъзои палатаи болоии парлумони Узбакистон, Сенат, ҷаласаи навбатии худро бо баҳси зарари Талко оғоз кардаанд.
Тибқи иттилои сомонаи «Узметроном» сабаби ғазаби навбатии сенаторҳои узбак, ин «22-23 ҳазор тонна партови зараррасон, аз ҷумла 200 тонна партови фтордор» будааст. Ба гуфтаи сенаторҳои Узбакистон, Талко ба корҳои профилактикӣ ва безараргардонии истеҳсолот беаҳамиятӣ мекунад.
Вакилони узбак дар ҳоле, аз корҳои безараргардонӣ дар Талко шикоят кардаанд, ки моҳи июли соли ҷорӣ ҳайати гурӯҳи аудитии байналмиллалӣ бо шумули коршиносони Қазоқистон, Литва ва Фаронса бехатарии экологии Талкоро тасдиқ намуданд. Тибқи натиҷаи ин аудит ширкати Талко сертификати байналмиллалии ISO-14000 (системаи менеҷменти экологӣ) ва OHSAS-18000 (системаи менеҷменти тандурустӣ ва амният дар истеҳсолот»-ро доро аст.
Тавре худи расонаҳои узбакӣ ҳам таъйид мекунанд, масъалаи Талко дар парлумони Узбакистон дар ҳоле матраҳ мегардад, ки то имрӯз вакилони узбак боре ҳам фаъолияти корхонаҳои семент, заводи металургӣ ва дигар корхонаҳои истеҳсолӣ дар Чирчику Бекободро матраҳ накардаанд.
Инчунин сенаторҳо аз он фаромӯш кардаанд, ки раҳбарияти ширкати Талко борҳо аз муҳитшиносони Узбакситон даъват ба ҷо меорад, то аз кори ширкат ва таъсири он ба муҳити зист ташхис бикунанд. Ин пешниҳодоти ҷониби Тоҷикистон аз тарафи муҳитшиносони Узбакистон ҳамеша рад мешавад.