7 назар: Оё имкони такрори ҳаводиси солҳои 1992 вуҷуд дорад?
Дар пасманзари ҳушдорҳои зиёд аз такрори ҳаводиси солҳои 90-ум дар Тоҷикистон, "Озодагон" аз таҳлилгарони тоҷик суол кард, ки "оё воқеан, имкони такрори ҳаводиси солҳои 1992 дар кишвар вуҷуд дорад?
Сайфулло Сафаров, муовини раиси МТС
Ин эҳтимолият вуҷуд надорад, зеро мардуми мо таҷрибаи муайян дорад ва аллакай сиёҳро аз сафед фарқ мекунад. Қувваҳое ҳастанд, ки намехоҳанд ин кор такрор шавад. Вале дар ҳар ҳол мехоҳанд то як мавқеъи муайян дар ҷомеа дошта бошанд. Ҳаводиси солҳои 1992 дигар такрор намешавад. Президент дуруст мекунад, ки он солҳоро фаромӯш накунед, мегуяд. Чун агар мо ин гапҳоро нагӯем, ҳамагуна вақоеъи таърихӣ такрор шуданаш мумкин аст. Вале дар он шакле, ки соли 1992 буд дигар намешавад. Ба ҳар ҳол эҳтиёт хуб аст, ба мардум гўшзад кардан даркор, ки эҳтиёт бошанд.
Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ
Дар ҳамин вақту соат такрор шудани дубораи вақоъеи солҳои 1992 имкон надорад. То интихобот ва дар ҷарёни интихобот ин тавр шуданаш ғайриимкон аст. Вале агар дар натиҷаи интихобот тақаллубкорӣ ба миён ояд, эҳтимолияти такроршавии ҳаводиси соли 1992 хеле баланд мешавад. Гуфтаҳои президент мабнӣ бар ин, ки шукронаи сулҳу истиқлолият кунеду солҳои ҷангу нооромиро фаромуш насозед, на ба он маъност, ки ӯ хоҳиши дубора такрор шудани он ҳаводисро дорад. Ӯ барои он ин суханонро мегӯяд, ки ҳокимиятшро эмин нигоҳ дорад. Хуб мешуд, агар президент дар интихобот ширкат намекарду кафолати шаффофияти онро медод. Дар ин сурат эҳтимолияти ҳеч гуна такроршавии он ҳаводис намемонд.
Амир Қарақулов, раиси ҲАТ
Ҳаргиз имкони такрор шудани вақоъеи солҳои 1992 дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва мо бояд ба ин роҳ надиҳем. Худо ба ин миллати тоҷик ақли солим, заковат, идрок ва ҳушёрӣ диҳад.
Исмоил Талбаков, муовини раиси ҲКТ
Ин эҳтимол вуҷуд надорад. Ман худам чун дигар мардуми Тоҷикистон дар маркази он ҳодисаҳо қарор доштем. Кўр як маротиба асои худро гум мекунад ва навбати дигар бо ҳамин асои худ раҳашро ёфта меравад. Ҳаводиси солҳи 1992 мумкин орзуву ҳаваси онҳое бошад, ки оромиву якпорчагии Тоҷикистон ва волоияти қонунро дидан намехоҳанд. Аз тариқи телевизион дида истодаем, ки дар дунё чӣ гузашта истодааст. Мардум баъди гузаронидани он солҳо як марҳилаи муборизаи демократӣ дар ҳаёти ҷомеа ва сиёсатро пеш мегиранд ва барои ин ақли мардуми Тоҷикистон мерасад. Ягон шаҳрванди Тоҷикистон чӣ дар дохилу чӣ дар хориҷ намехоҳад он ҳодисаҳо такрор шавад.
Сайъидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ
Ҳаргиз имкон надорад. Чун ҳам мардум дигар шудаанд ва ҳам замон дигаргун шудааст. Мардуме, ки соли 1992 якбор фиреби фиребкоронро хўрда буданд, дигар иншоаллоҳ фиреб намехўранд.
Шариф Муллоев, устоди ДСТ
Ба фикрам, мо, ки ҳама меваи истиқлолиятро дар давоми 20 сол чашидаем, бояд ба ақлу заковат ҳар амали хешро дар тарозуи ақл баркашем ва нагузорем, ки он ҳаводиси хело нангин барои мардуми тоҷик такрор шаванд. Ман ҳамеша ба оянда ба чашми нек менигарам. Боварӣ дорам он рўзҳои шум, ки моро дар тамоми ҷаҳон шарманда карда буданд дигар такрор намешаванд. Ҳама дар таи ин солҳо хуб дарк кардаанд, ки оқибати ҷанги шаҳрвандӣ чӣ подоше медиҳад. Бояд шукри ин давлат ва ин макон намуд, ки мо озод ва хуб зиндагӣ дорем.
Ҷура Юсуфӣ, коршиноси масоили сиёсӣ
Ҷанги нангини шаҳрвандӣ, ки авоили солҳои 1990 ба вуқуъ пайвасту Тоҷикистонро ғарқи хун кард, як саҳифаи бисёр сиёҳу тирае дар таърихи ин миллати мазлум буд. Сабабҳои ҷанги бародаркуши мо барои чандин насли тоҷик кофист ва мо бояд дар ҳар рафтори худ ин воқеъаро фаромуш накунем. Дар ин ҷаҳону минтақае, ки мо зиндагӣ мекунему бо ин ҳамсояҳое, ки дорем, ҳанӯз ҳам хавфи сар задани муноқишаҳои дохилӣ дар кишвар вуҷуд дорад. Ҳарчанд мо инро намехоҳем вале ҳастанд нерӯҳое дар атрофи кишвари мо, ки мехоҳанд бори дигар Тоҷикистонро ба маркази даргириҳо табдил диҳанд ва дар ин оташ дастҳои худро гарм созанд. Ин хавф ҳанӯз бартараф нашудааст. Тарафайн беҳтар аст аз баъзе даъвоҳои худ ба хотири такрор нашудани он солҳо бигзаранд. Дар ин сурат ҳеч қувваи беруна ҳам коре карда наметавонад.