Ҳомиёни ҳуқуқи Русия гуфтаанд, фишор болои муҳоҷирон ба хотири таблиғи мақомот аст
Ҳомиёни ҳуқуқи Русия мегӯянд, бояд зиёиёни ин кишвар барои пуштибонӣ аз муҳоҷирони меҳнатӣ садо баланд кунанд.
Ба қавли онҳо дар арафаи интихоботи мири Маскав муҳоҷирон зери фишор қарор гирифтаанд. «Аз шумо- донишмандон, нависандаҳо, рассомон, умуман зиёиёни Русия даъват менамоем, ки бо истифода аз тамоми имконоти дар ихтиёрдоштаатон ба руҳияи зидимуҳоҷирон, ки ҳар рӯз бештар мешавад, мубориза баред»,- омадааст дар номаи бозе, ки ҳомиёни ҳуқуқ дар як рӯзномаи Русия нашр кардаанд.
Ахиран дар пойтахти Русия рейдҳои зиди муҳоҷирон афзуда, дар телевизионҳои давлатӣ барномаҳое пахш мешаванд, ки муҳоҷиронро дар анҷоми ҷиноёт ва афзоиши бемориҳои сироятӣ муттаҳам мекунанд,-навиштааст ca-news.org.
Ҳомиёни ҳуқуқи Русия бар инанд, ки чунин шеваи мубориза бо муҳоҷирон танҳо ба хотири таблиғи мақомот аст. Аз муҳоҷирон мақомот образи душман месозанд, то таваҷҷуҳи одамонро аз мушкилоти зиёд канор бубаранд.
Ба қавли онҳо бидуни муҳоҷирон иқтисоди Русия ба мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ мешавад: «7 дар сади ММД дар ҳоли ҳозир аз ҳисоби муҳоҷирон аст».