Тураҷонзода ва Зоиров консепсияи "ислоҳотхоҳон"-ро баррасӣ кардаанд
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон таъйид намуд, ки ахиран дар хонаи зисти Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода бо ин руҳонии шинохтаи тоҷик мулоқот доштааст.
Зоиров гуфтаҳоро, ки гӯиё дар ин мулоқот аз Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дастгирии номзадияшро дар интихоботи президентии 2013 хостааст, қатъиян рад намуда, изҳор медорад, ки “мақсади ташриф фаҳмидани ақидаҳои Ҳоҷӣ Акбар оид ба Консепсияи пешазинтихоботии Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ буд.”
Ба қавли Зоиров, “Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода гуфтанд, ки ҳар гуна идеяҳои демократиро дастгирӣ менамоям ва хоҳиш намудаанд, ки аввал ман ин Консепсияро омузам, пас мавқеи худро муайян мекунам. Масъалаҳои пешниҳоди номзади ягона ё дар бораи Узбакистон суҳбате сурат нагирифтааст.”
Лоиҳаи ниҳоии консепсияи пешазинтихоботии Итиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) айни ҳол тасдиқ гардида, интизор меравад, рӯзи 24-уми август ба тасвиб расонда шавад. Ин консепсия ислҳотҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиро дар сурати ғолибияти номзади ислоҳотхоҳон дар интихоботи президентӣ фаро мегирад.