Додгоҳи таҷдиди назар ҳукми падари мухолифи узбакро бетағйир гузошт
Додгоҳи таҷдиди назари вилояти Қашқадарёи Узбакистон ҳукми додгоҳӣ алайҳи Ҳасан Чориев, падари 71-солаи сиёсатмадори мухолифи ҳукумати ин кишварро бетағйир гузошт.
Шуҳрат Рустамов, яке аз ҳуқуқшиносони узбак, ки дар рафти ин мурофиаи апеллятсионнии Чориев ширкат доштааст, мегӯяд, мурофиаи мазкур тақрибан як соат идома ёфта, муйсафеди 71-соларо танҳо дар асоси шикояти ҷониби ҷабрдида айбдор мекунад. Вале ба гуфтаи ӯ, Чориев худро гунаҳгор намедонад.
Рустамов мегӯяд, то ҳанӯз пайвандони Ҳасан Чориев наметавонанд, нусхаи ҳукми додгоҳи аввалиро дастрас кунанд.
Ҳасан Чориев дар таҷовуз ба номуси духтари 19-сола гумонбаршуда, аз тарафи додгоҳи шаҳри Қаршии Узбакистон ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Аксари ҳуқуқшиносони узбак мегӯянд, ин қазияи Ҳасан Чориев ангезаи сиёсӣ дошта, марбут ба фаъолиятҳои писараш Баҳодур Чориев мебошад.
Ба иттилои расонаҳои узбакӣ, ин падари мухолифи ҳукумати Узбакистон дар ҳоле пасипанҷара кашида шудааст, ки Баҳодур Чориев, писари калонии ӯ аз тасмимаш барои пешбарии номзади худ ба мақоми президентӣ хабар дода, Ҳаракати сиёсии «Бирдамлик» ("Ваҳдат")-и Узбакистонро ташкил намуд.