Мӯъминобод: 8 нафар қасд ба ҷони худ кардаанд
Дар ноҳияи Мӯъминобод аз аввали сол инҷониб 8-нафар аз сокинон қасд ба ҷони худ кардаанд.
7-нафар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, 1 тани дигар, ки ба воситаи доркашӣ қасди ҷон карда буд, бинобар сабаби сари вақт огаҳӣ ёфтан сӯи хешовандонаш зинда мондааст. Аз шумораи худқурбониён, 1-тан ноболиғ, хонандаи мактаби миёнаву 1-духтар ва 6-тани дигар ҷавонон будаанд.
Ба иттилои муовини сардори шӯъбаи корҳои дохила, майори милиса Юсуф Алиев, ба иқрори хешовандони маҳрумон, ҷумлагй гирифтори бемории рӯҳӣ будаанд.
Дар ҳамин ҳол, Мушкинисо Гулназарова, корманди масъули беморхонаи ноҳия мегўяд, нафаре аз ин қурбониён дар қайди беморони рӯҳӣ набудаанд. Ӯмегўяд, ҳамагӣ то замони худкушӣ, рўҳан саломат будаанд. Аммо ба қавли ў, ингуна ҳолатҳо дар ҳолати бехудӣ, ё ба истилоҳ аффект ба амал меоянд, ки инсон аз рафтори худ бехабар мемонад.Алишер Ашӯров, раиси суди ноҳия гуфт, то ҳанўз ягон парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ҳолатҳои худкушӣ аз ҷониби додситонӣ ба суд интиқол нагаштааст. {jathumbnail off}