Волии Бадахшон: Мақомоти тоҷик аз ҳад эҳтиёткоранд
Ҳукумати вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯяд, Душанбе бо масдуд намудани бархе аз гузаргоҳҳои марзии худ бо Афғонистон аз ҳад зиёд эҳтиёткорӣ мекунад.
Расонаҳои афғонӣ аз қавли Абдулмаъруф Росеҳ, намояндаи расмии ҳукумати вилояти Бадахшони Афғонистон иттилоъ додаанд, ки ҳукумати ин вилоят бо ҳамдастӣ бо созмонҳои башардӯстонаи байналмилалӣ тавонистааст, садди роҳи паҳншавии вабо шавад ва ин беморӣ ягон таҳдиде ба Тоҷикистон надорад.
Ба гуфтаи Росеҳ, дар давоми ду рӯзи охир ягон ҳолати гирифторӣ ба ин навъи беморӣ дар қаламрави Вилояти Бадахшон ба қайд гирифта нашудааст. Аз онҳое ҳам, ки қаблан ба ин беморӣ мубтало шудаанд, то ҳол касе вафот накардааст.
Ин дар ҳолест, ки Хадамоти санитарӣ – эпидемиологии Тоҷикистон аз масдуд шудани се гузаргоҳи марзии Тоҷикистону Афғонистон дар минтақаи Дарвоз, Хоруғ ва Ишкошим аз рӯзи 2-уми сентябри соли ҷорӣ хабар дода буд.
Наврӯз Ҷаъфаров, муовини сардори Хадамоти санитарӣ – эпидемиологии кишвар далели баста шудани гузаргоҳҳои марзиро ҷилавгирӣ аз интиқоли беморӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон унвон карда буд.
Ин масъули беҳдошти Тоҷикистон гуфта буд, “тибқи иттилои мо дар минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон бо вилояти Бадахшон бемории вабо хуруҷ кардааст ва айни замон вазъ дар Афғонистон ташвишовар мебошад. То ҳол зиёда аз 1700 нафар сокинони ҳамсоякишвар гирифтори ин беморӣ шудаанд.”
Ба гуфта Хадамоти санитарӣ – эпидемиологӣ минтақае, ки дар он хуруҷи вабо сабт шудааст, аз сарҳади Тоҷикистон 150 киллометр дуртар мебошад ва хушбахтона то ҳол ин беморӣ дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст.