Тураҷонзода то ҳол ҳалномаи судро нагирифтааст
Ҳалномаи суд дар мавриди даъвои Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода алайҳи се руҳонии суғдиву хабарнигори ТВ «Суғд», ки беш аз 20 рӯз пеш содир шуда буд, то ҳол ба ҷонибҳои баҳс дастрас нашудааст.
Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеи Тураҷонзода, ки ният дорад, баъди гирифтани ҳалномаи суд шикояти кассатсионӣ барад, имрӯз, 22-юми август, дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, ба раисикунандаи парванда муроҷиат кардааст, аммо ӯ баҳонаҳои техникӣ оварда, то ҳол ҳалномаро пешкаш накардааст: «Дар ҳоле, ки Кодекси мурофиваии гражданӣ пешбинӣ намудааст, ки дар рӯзи қабули ҳалнома қисми хулосавии он эълон карда шуда, дар давоми панҷ шабонарӯз матни пурраи ҳалнома ба тарафҳо супорида шавад. Агар парвандаи баррасишаванда калонҳаҷм ва тарафҳо бисёр бошанд, қонун иҷозат додааст, ки суд дар муҳлати даҳ шабонарӯз ҳалномаро омода созад, аммо ин муҳлат ҳам гузаштааст.»
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода як сол пеш ба додгоҳи Хуҷанд аз болои Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода -- раиси Шӯрои уламои Суғд, Ҳоҷӣ Насрулло -- имомхатиби масҷиди Исфара ва Ҳоҷӣ Мақсудҷон -- имомхатиби масҷиди Конибодом ба додгоҳи Хуҷанд шикоят бурда гуфта буд, онҳо моҳи феврал дар барномаи “Сӯҳбати озод”-и телевизиони давлатии Суғд ба ӯву хонаводааш туҳмат задаанд. Ба гуфтаи ӯ, се рӯҳонӣ дар ин барнома, ки дақиқан дар шабу рӯзи баҳси “Ошӯро” пахш гардида буд, Тӯраҷонзодаҳоро сабабгори ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хонда, онҳоро ба пуштибонӣ аз манофеи бегонагон низ муттаҳам кардаанд.
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 31-уми июл даъвои Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонӣ ва сиёсатмадори шинохтаи тоҷикро, алайҳи се уламои Суғд рад кард. Қозии парванда гуфт, баррасии онҳо маълум карда, ки даъвои Тӯраҷонзода дар бораи паст задани шаъну эътибораш аз сӯи се рӯҳонии суғдӣ асос надорад.