Намояндаҳои САҲА дар Туркманистон бо фаъолони аҳзоби сиёсӣ мулоқот мекунанд
Як ҳайати намояндаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) бо сафари корӣ вориди Туркманистон шудааст.
Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ ин ҳайат аз Маҷлис (парлумон), вазоратҳои умури хориҷӣ, адлия ва Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ дидан кардаанд. Зимнан, дар ин мулоқотҳо дурнамои ҳамкориҳои Туркманистон ва САҲА дар бахшҳои кор бо иҷрои меъёрҳои байналмилалии қонунгузориҳои миллӣ, ҳамчунин масоили омодагиҳо ба интихоботи парлумонии моҳи декабр мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Ҳайати САҲА ҳамчунин аз Институти миллии демократия ва ҳуқуқи инсони назди президенти Туркманистон дидан карда, бо намояндаҳои аҳзоби сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии ин кишвар мулоқот хоҳанд кард.