(АКС) Сиквоҳои шинондаи президент дар Душанбе хушк шудаанд
Бархе аз сиквоҳои калифорнӣ, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи марти соли равон дар назди бинои нави Вазорати умури хориҷӣ ва Кохи Борбад дар Душанбе шинонда буд, хушк шудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон 15-уми марти соли равон, дар рӯзи ифтитоҳи бинои нави Вазорати умури хориҷӣ бо ҳузури собиқадорони дипломатияи тоҷик, ду дарахти 50-солаи сиквои калифорнӣ шинонда буд, ки гуфта мешуд, ин дарахтони бузургҷусса зиёда аз 3 ҳазор сол умр мебинанд. Айни ҳол яке аз ин дарахту сабзу дигаре зард шудааст.
Чунин дарахтони хориҷиро раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин дар назди Кохи Борбад низ шинонда буд, ки хушк шудаанд. Ин дарахтон аз хориҷа бо реша ва хок оварда шудаанд, вале ба гуфтаи коршиносон ба шароити Душанбе чандон мувофиқ наомаданд.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон хушкшавии дарахтон, ки ҳамасола даҳҳо ҳазор адад шинонда мешавад, ба як мушкили мубрам табдил ёфтааст.