Оҷонсии фасод ҷузъиёти боздошти собиқ судяи Душанберо ифшо кард
Оҷонсии мубориза бо фасод дар Тоҷикистон бо пахши як иттилоия ҷузъиёти боздошти собиқ судяи Душанбе, раиси суди ноҳияи Нуробод, Алимов Абдулҳакимро баён кардааст.
Ба иттилои оҷонсӣ Алимов Абдулҳаким, ки қаблан дар вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе кор мекардааст, моҳи июни соли 2012 аз вакили мудофеъ Саъдуллоев. Б барои ба манфиати зерҳимояи ӯ ҳал намудани баҳси манзилӣ пора талаб кардааст.
Ба иттилои Оҷонсӣ, Алимов ҳамчун шахси мансабдори давлатӣ, ба ивази 7000 доллари амрикоӣ ба порадиҳанда ваъда додааст, ки шахсан баррасии баҳси мазкурро ба истеҳсолоти худ гирифта, ба манфиати зерҳимояи Саъдуллоев, Раҳимова З.Ҳ. ҳал хоҳад кард.
Ба иттилои Оҷонсӣ Саъдуллоев. Б дар утоқи кории судя ба ӯ 2000 доллари ИМА пешниҳод мекунад, аммо судя розӣ нашуда талаб менамояд, ки миқдори талабкардаашро ба пуррагӣ оварда диҳад: “Адвокат ин талаби судя Алимовро ба зерҳимояаш мерасонад, аммо зерҳимояаш Раҳимова З.Ҳ. ба суханҳои адвокат бовар накарда хоҳиш менамояд, ки шахсан бо судя ҳамсӯҳбат шавад. Сипас дар утоқи кории судя Алимов дар ҳузури адвокат аз Раҳимова З.Ҳ. маблағи 7000 доллари амрикоиро талаб менамояд. Раҳимова З.Ҳ. ба дасти адвокат 7000 доллари амрикоиро қарз гирифта медиҳад, ки сипас ин маблағҳоро Алимов А.В. дар утоқи кориаш гирифтааст.”
Оҷонсӣ мегӯяд, дар натиҷаи амалиёти муштараки кормандони агентӣ ва прокуратура ин амал ифшо шуда, нисбати собиқ судяи шаҳри Душанбе, Алимов Абдулҳаким барои гирифтани пора, аз тарафи Прокурори генералии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда тафтишот идома дорад.
Ба иттилои манбаъ айни ҳол нисбати Алимов чора дар намуди ҳабс татбиқ карда шудааст.