Ҳилларӣ Креймер дар Душанбе аз "Роғун" ҳимоят кард
Ҳилларӣ Креймер, яке аз маъруфтарин шореҳони амрикоӣ, дар ҳошияи Конфронси байналмилалии об дар Душанбе аз бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ҳимоят кард ва онро мувофиқи ҳадафҳои Амрикою НАТО дар минтақа хонд.
Креймер, ки шореҳи маҷаллаи Wall Street Journal ва меҳмони доимии барномаҳои Bloomberg, Reuters, CNBC, CNN ва Fox News аст, 21-уми август, дар Душанбе гуфт, барқе, ки дар нерӯгоҳи Роғун тавлид мекунад, метавонад 7 кишвари Осиёи Миёна ва ҷанубиро таъмин намояд.
Креймер ҳангоми суҳбат бо хабарнигорон дар Душанбе гуфт, Роғун рушди иқтисодии Тоҷикистонро вусъат бахшида, муҳоҷирати шаҳрвандонашро коҳиш медиҳад. Ӯ таъкид кард, ки аз Роғун на танҳо Тоҷикистон балки тамоми ҳамсояҳояш фоида хоҳанд дид.
Ӯ зикр намуд, ки Бонки сармоягузориро муаррифӣ дорад, ки бунёди як қатор лоиҳаҳое мисли Роғунро маблағгузорӣ кардааст ва саддеро дар сарҳади Парагвай, Бразилия ва Уругвай мисол овард, ки ба ҳамаи кишварҳои атрофаш манфиатовар аст.
Ҳилларӣ Креймер афзуд, ки Тоҷикистон низ як кишвари барои сармоягузорӣ хеле хуб мебошад: “Дар навбати аввал ҷойгиршавии ҷуғрофии хеле муввофиқ дорад. Мардуми инҷо меҳнатиянд. Ин ҷо захираҳои хеле зиёди таббиӣ мавҷуданд ва ин релефи куҳӣ низ, ки дорад, барои сармоягузорӣ аз чанд ҷиҳат муфид аст.”
Ҳиларӣ Креймер дар аввалҳои соли ҷорӣ ҳангоми муаррифии китоби нахустинаш “Пеш аз чархиш”, ки масоили энергияи тоза ва саноати экологиро баҳс мекунад, аз Роғун низ зикр карда, онро як манбаи таъмини амнияти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ гуфт ва таъкид намуд, ки ин нерӯгоҳ мувофиқи манфиатҳои Амрико ва НАТО аст. Ба гуфтаи Ҳилларӣ нерӯгоҳи Роғун барои мубориза бо террор, ки Иёлоти Муттаҳида ва НАТО онро ҳадаф қарор додаанд, мусоидат мекунад. Ба гуфтаи ӯ Роғун бо саҳмаш дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар рӯй гардондани мардум аз террору дигар ҷинояткорӣ низ нақш мегузорад.
“Роғун” бо садди 335 метрӣ дар назар аст, ки калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа шавад, вале Узбакистон алайҳи ин лоиҳа баромада иддао дорад, ки бар зарари кишварҳои поёноб аст. Айни ҳол ташхиси байналмилалии лоиҳаи Роғун идома дорад ва интизор меравад, ки хулосаи ташхисгарон ба баҳсҳо сари ин масъала хотима гузоранд.