Омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба қаҳрамонии Осиё
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19), ки дар Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё байни ҷавонон ба гурӯҳи “D” шомил шудааст, дар шаҳри Норак омодагӣ мебинад.
Ҷамъомади таълимиву тамринии даста таҳти раҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров дар шаҳри Норак то 31-уми август идома хоҳад кард. Дар ин ҷамъомад 27 бозигар 3-дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар даъват шудаанд.
Дар ҷараёни ин ҷамъомад ду бозии санҷишӣ низ ба нақша гирифта шудааст- 27-уми август бо дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) ва 31-уми август бо “Истиқлол”.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар гурӯҳи “D” рӯзҳои 8-ум 10-ум ва 12-уми октябри соли равон дар варзишгоҳи “Шаҳид Боҳунар”-и Эрон бо тимҳои ҷавонони Эрон (мизбон), Арабистони Саудӣ ва Лубнон мубориза мебарад. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро дар ин бозиҳо сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров роҳбарӣ мекунад.
Ғолибони 9 гуруҳ ва 6 дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба сабқати ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (U-19), ки моҳи октябри соли 2014 дар Мянмар доир мегардад, роҳхат мегиранд.
Ҳайати мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон чунин аст:
Дарвозабонҳо: Муродулло Саидов (“Энергетик”), Эмомалӣ Сониев (“Истиқлол”), Дилшод Дадобоев (“Пахтакор”, Ҷаббор Расулов);
Ҳимоятгарон: Самандари Хайриддин, Зокир Ибрагимов, Додохон Муминов (ҳама-“Истиклол”), Фирдавс Ҷақалов, Анварҷон Ҳамроқулов (ҳарду - ССКА “Памир”), Алишер Ҷураев, Алишери Хотам (ҳарду - “Энергетик”), Далер Бердиқулов (“Регар-ТадАЗ”);
Нимҳимоятгар: Вайсиддин Сафаров, Зайниддин Сафаров (ҳарду - “Истиқлол”), Комрон Турсунов, Дилшод Саломов, Дилшод Расулов (ҳама - РТСУ), Парвиз Ҳамидов, Муҳсинҷон Парпиев (ҳарду – “Хайр”), Ҷаҳонгир Алиев (“Хуҷанд”), Муҳиддин Абдуғаффоров, Мармар Зокиров (ҳарду – “Энергетик”), Шоҳрух Раҷаматов (“Парвоз”);
Ҳамлагарон: Далер Умуров (“Бохтар”), Мехроҷиддин Музаффаров (“Энергетик”), Суннатулло Холов (“Вахш”), Сиёвуш Муҳсинов, Ромиш Ҷалилов (ҳарду – “Истиқлол”).