“Кемрӣ”-саворон шаҳрванди афғонро дар Душанбе ғорат кардаанд
Вазорати умури дохилӣ аз боздошти 5 ҷавони тоҷик хабар дод, ки бо тариқи зӯроварӣ як шаҳрванди Афғонистонро дар Душанбе ба автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемрӣ» савор карда, ғорату латукӯб намудаанд.
Ба иттилои ВКД ба шуъбаи пулис дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шаҳрванди Афғонистон Абдулқодир Абдулфато, соли таваллудаш 1987, сокини Душанбе муроҷиат намуд, ки санаи 19 августи соли 2013, дар назди маркази дилхушии «Опера», воқеъ дар кӯчаи Анзоби пойтахт, шахсони номаълум бо тариқи зӯроварӣ ӯро ба автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемри» савор карда, ба кӯчаи Сурхоб бурдаанд ва баъди латукӯб 900 доллари амрикоияшро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони ғоратгарӣ шаҳрвандон, Шоев Имомалӣ, Давлатов Зарифҷон, Шарифов Ҷомӣ, соли таваллудашашон 1992, Исмонов Маъруф, соли таваллудаш 1984, сокинони шаҳри Душанбе ва Юсупов Муҳаммадалӣ, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Рудакӣ дастгир карда шуданд. Ба иттилои манбаъ айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.