Дар Амрико шабакаи “Ал-Ҷазира Амрико” ба фаъолият оғоз кард
Шурӯъ аз шоми дирӯз, 20-уми август дар ИМА шабакаи телевизионии “Аl-Jazeera America (Ал-Ҷазира Амрико) ба фаъолият оғоз кардааст.
Ин шабака рӯи басомаде барнома пахш мекунад, ки қаблан ба шабакаи Current TV-и Алберт Гор, муовини собиқи райисҷумҳури Амрико мансуб буд. Гуфта мешавад, ҳудуди 45 миллион амрикоӣ ба Al-Jazeera America дастрасӣ хоҳанд дошт.
Барномаҳои Al-Jazeera America ба таври шабонарӯзӣ пахш хоҳад шуд. Ба ҷуз аз нашрҳои хабарӣ, дар он ҳамчунин барномаҳои таҳлилӣ, иқтисодӣ ва ҳуҷҷатӣ намоиш дода мешавад.
Дар ҳоли ҳозир дар “АлғҶазира Амрико” 850 нафар фаъолият доштааст. Дар саросари Амрико ин шабака 12 дафтар дошта, идораи асосии он дар Ню-Йорк мустаққар мебошад.
Шабакаи телевизионии «Ал-Ҷазира» соли 1996 дар Қатар таъсис шуда, як шабакаи маъруфи хабарӣ аст.