Муфтиёт гузоштани садои оятҳои Қуръонро дар телефон манъ кард
Муфтиёти Миср гузоштани садои азон ё оятҳои Қуръонро дар занги телефонҳои мобилӣ манъ кардааст.
Ба иттилои расонаҳои мисрӣ, Муфтиёти ин кишвар гуфтааст, садои оятҳои Қуръон ё азонро дар занги телефони ҳамроҳ набояд гузошт. Ин амал ноҳурматӣ ба сухану китоби муқаддаси Худованд маҳсуб меёбад.
Ин ниҳоди мисрӣ афзудааст, ки Қуръон, ин муқаддастарин китобест, ки аз тарафи Худованд ба паёмбари ӯ Муҳаммад (с) барои роҳнамоии бандагонаш фиристода ва амр шудааст, то ба ин китоб эҳтиром гузорему, онро аз дигар ашё боло нигаҳ дорем.
Инчунин ба гуфтаи муфтиёти Миср, азон низ, ки барои даъвати мусулмонон барои даъват ба намоз истифода мешавад, набояд дар зангҳои телефонӣ гузошта шавад.
Бояд гуфт, манъи гузоштани садои оятҳои Қуръон ва азон дар занги телефонҳои ҳамроҳ аз ҷониби муфтиёти Миср бори аввал набуда, соли 2008 низ ин ниҳод бо ин мазмун фатвоеро содир карда буд.