Таъкиди Раҳмон ба ҳамовозии Душанбе ва Бишкек дар масоили об
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 21-уми август, зимни мулоқот бо Жанторо Сатибалдиев, сарвазири Қирғизистон дар масъалаи хатти барқии CASA-1000, ҳаҷми мубодилаи мол ва ҳамкориҳои дигар миёни Тоҷикистону Қирғизистон суҳбат карданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот Жанторо Сатибалдиев Қирғизистонро “шарики табиии минтақавии Тоҷикистон” номида, ба сатҳи муносиботи ду кишвари ҳамсоя баҳои баланд додааст.
Ба иттилои манбаъ аз яксонӣ ва ё наздикии мавқеъҳои Тоҷикистону Қирғизистон доир ба идора ва истифодаи босамари захираҳои обии минтақа ва ҳифзи муҳити зист изҳори қаноатмандӣ карда шудааст.
Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи қарорҳои нахустин ҷаласаи Шӯрои байнидавлатӣ, ки моҳи майи соли равон дар Бишкек баргузор шуда буд, зоҳир гардид. Зикр карда шуд, ки ҳоло заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории миёни ду кишварро 87 санад ташкил дода, 5 санади дигар дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.
Иттилоъ дода шудааст, ки танҳо тайи 5 моҳи соли равон ҳаҷми мубодилаи мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 4 баробар афзоиш ёфтааст. Таъкид гардид, ки ин тамоюл бояд идома ёбад. Барои ин, густариши бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла тавассути додугирифти нерӯи барқ, додани мақоми байналмилалӣ ба гузаргоҳи сарҳадии Қарамиқ ва дигар тадбирҳо зарур шумурда шуд.
Ба гуфтаи дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҷонибҳо андешидани чораҳои муштарак доир ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои бунёди роҳҳои оҳани Русия-Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистон, Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, хатти барқии CASA-1000 аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон ва дигар тарҳҳои минтақавӣ матлуб донистаанд.
Баробари ин ҳамкории судбахш миёни ноҳияҳои наздисарҳадии ду кишвар ва омодагӣ ба ташрифи ҷавобии Президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон ва баргузории ҷаласаи дуюми Шӯрои байнидавлатӣ баррасӣ шудаанд.