Тул кашидани ҳузури муфтӣ дар Бадахшон сафараш ба Бишкекро лағв кард
Сайидмукаррами Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии “Дин ва Амният” дар Қирғизистон иштирок нахоҳад кард.
Тавре аз қабулгоҳи раиси Шӯрои уламои кишвар ба “Озодагон” иттилоъ доданд, сафари Сайидмукаррами Абдулқодирзода ба Қирғизистон, ки қарор буд имрӯз 21-уми август сурат бигирад, лағв шудааст.
Манбаъ мегӯяд, аз сабаби он ки сафари раиси Шӯрои уламои кишвар ба вилояти Бадахшон ба дарозо кашид, ӯ наметавонад дар конфронси байналмилалии “Дин ва Амният” дар шаҳри Бишкек ширкат варзад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан расонаи қирғизии “vesti.kg” аз баргузории конфронси мазкур дар Бишкек хабар дода гуфта буд, интизор меравад, дар ин конфронс Сайидмукаррам Абдулқодирзода бо ҳамтоёни русу турк ва қазоқи худ иштирок карда, суханронӣ намояд.
Конфронси байналмилалии “Дин ва Амният” имрӯз 21-уми августи соли ҷорӣ дар меҳмонсарои “Ак Кеме”-и шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон баргузор мешавад.