Парвандаи Зайд дар миёни Оҷонсӣ, додситонӣ ва додгоҳ
Парвандаи Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик, барои омӯзиш ба додситонӣ интиқол дода шуд.
Исҳоқ Табаров, вакили дифоъи Зайд Саидов дар сӯҳбат ба «Озодагон» гуфт, ирсоли парвандаи зерҳимояаш ба додситонӣ ин як раванди ҳуқуқӣ мебошад. Ба гуфтаи Табаров тибқи қонунгузорӣ додситонӣ бояд то даҳ рӯзи дигар мавқеъи худро дар робита ба ин қазия муаяйн намояд: “Онҳо метавонанд ягон банди парвандаро лағв кунанд, ё маълумоти иловагӣ дархост кунанд. Албатта, ба назари ман додситонӣ парвандаро бидуни тағйир ба додгоҳ мефиристад. Вале ба ҳар сурат мо талош мекунем, то додситонӣ ҳатмӣ будани ташхиси ДНК-ро зарур шуморад”.
Исҳоқ Табаров мегӯяд, ки дар сурати рад гардидани ин талаботашон аз тарафи додситонӣ, онҳо тасмим доранд то ба додгоҳ муроҷиат намоянд. Ҷаноби Табаров афзуд, ки гузаронидани ташхиси биологӣ барои ин парванда кофӣ набудааст. Ба гуфтаи номбурда дар сурати ирсоли парванда аз додситонӣ ба додгоҳ, эҳтимоли зиёд аст, ки давоми як моҳи дигар муҳокимаи аввали додгоҳӣ сурат хоҳад гирифт.
Яке аз иттиҳомот алайҳи Зайд Саидов ин таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ мебошад ва ба гуфтаи мақомот “ҷабрдида” аз Зайд ҳатто тифли навзод таваллуд кардааст. Аммо барои исботи ин далел, талаби гузарондани ташхиси ДНК-ро рад мекунанд.
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ дар порагирӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ва водор намудан ба исқоти ҳамл муттаҳам мешавад. Коршиносони тоҷик иттиҳомот алайҳи Зайд Саидовро супоришӣ унвон карда, ба азмаш барои ворид шудан ба майдони сиёсат марбут медонанд, аммо масъулини Оҷонсии зидди фасод қатъиян ин иддаоро рад мекунанд.