Тағйири ҳокимият дар Тоҷикистон бо роҳи демократӣ имкон надорад?
Аждар Куртов, таҳлилгари рус мегӯяд, тағйири ҳукумат дар Тоҷикистон бо роҳи демократӣ ҳанӯз имконнопазир мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, интихобот дар Тоҷикистон тақаллубӣ, як нишони зоҳирии демократия буда, аз моҳияти аслии худ бархӯрдор нест.
Ин таҳлилгари рус мегӯяд, режими сиёсии кунунии Тоҷикистон як навъ худкомагии шарқӣ - қудрати бе марзу буми раиси ҳукумат, заифии парлумон ва мақомоти судӣ, хешовандсолорӣ, муттаҳидшавии ҳокимияту азхудкунии тиҷорати сердаромад ва ҷилави рушди ҷомеаи шаҳрвандиро дар даст дорад.
Ба ақидаи Куртов, аз ин хотир низоми мазкур ҳадафмандона барои расман фаъолият кардани мухолифи воқеӣ иҷоза намедиҳад, ин ҳам бо истифода аз роҳи диктатураи маъмурӣ ва усулҳои саркубии ҷиноӣ: “Албатта, дуюмӣ, яъне гуруҳҳои мухолиф дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, вале на Ҳизби коммунист, на Ҳизби наҳзати исломӣ, на демократу сотсиалистҳо ва на ташкилотҳои сиёсию иттиҳодҳои тиҷоратии ин кишвар неруи воқеӣ ҳисобида намешаванд.”
Ӯ мегӯяд, дар Тоҷикистон дар маҳзари ом вонамуд мекунанд, ки бар асоси қавонини демократӣ амал доранд, вале ин раванд ба якбора решаҳоро хушк месозад: “Ин далели аслии ғайриимкон будани таҳкими нерӯ дар раванди интихобот мебошад. Аммо далели дигаре низ вуҷуд дорад, ки мутаассифона он дар Осиёи Марказӣ роиҷ шудааст. Дар садри бисёри аз аҳзоби сиёсии ин кишвар, бахусус минтақа роҳбарони шуҳратпарасти сиёсие, қарор доранд, ки дар мубориза барои қудрат худмухториро авлавият медонанд, на фикри ташкили як эътилофи қавӣ бо шарикони эҳтимолиро.”
Ба назари таҳлилгари рус айни ҳол бо роҳи демократӣ тағйири ҳокимият дар Тоҷикистон имконнопазир мебошад.