Истиқболи ҳайати Узбакистон аз баргузории конфронси Душанбе
Шавкат Ҳамроев, сардори ҳайати Узбакистон дар конфронси об дар Душанбе мегӯяд, ҳамкорӣ оид ба обҳои фаромарзӣ бояд бар қавонини байналхалқӣ оиди об асос ёбанд ва манобеъи фаромарзии об бояд бо адолат ва ҳушу идрок истифода шаванд: “Ҳеч кас ҳақ надорад ба муҳити атроф ва мамолики наздисоҳилӣ зарар расонад.”
Ҳамроев, ки 20-уми август, дар Конфронси байналхалқии сатҳи баланд оид ба масоили ҳамкории об дар Душанбе дар мавзӯи истифодаи обҳои фаромарзӣ сухан мекард, аз ҷумла гуфт, “механизмҳое ки дар рафти баррасии масоили ҳамкорӣ оиди обҳои фаромарзӣ номбар шуданд ва дар мамолики дигари дорои дарёҳои фаромарзӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд, бояд дар амалияи кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ҷои худро ёбанд. Бояд ба масоили беҳбуди низоми идораи манобеъи обӣ, ҷорикунии принсипҳои идораи интегратсионии манобеъи об аҳамияти махсус дода шуда, технологияи муосири обёрии сарфакунандаи об истифода шаванд, то об камтар исроф шавад. Имрӯз ин барои зиндагии беҳтари мардуми минтақа ва ҷаҳон лозим аст.”
Ҳамроев аз баргузории чунин чорабиниҳо, ки дар онҳо намояндагони ҳамаи кишварҳо ҷамъ шуда ба натиҷаи муҳим мерасанд, изҳори хушнудӣ кард: “Дар сурати рух додани ҳар воқеаи нохуш – тақсими беадолатонаи об ё поймол кардани ҳуқуқи ягон ҷониб – мо бояд аксуламал нишон дода, ба он аҳамият диҳем. Барои мисол, ҳаводиси Танзания ва Ироқ низ барои мо беаҳамият нестанд.”
Ба андешаи Ҳамроев, мушкилоти манотиқи дигари ҷаҳонро низ бояд ҳамчун мушкилоти худ қабул намуда, дар ҳамдастӣ ҳалли онҳоро ҷӯё шуд.
Шуҳрат Муҳаммадҷонов, намояндаи дигари Узбакистон дар ҳамоиши Душанбе гуфт, мамолики Осиёи марказӣ бояд ҳавзаи ин минтақаро ягона донанд, чун масоили истифодаи об барои ҳамаи онҳо умумӣ буда, ҳалли якҷояро металабанд: “Барои ҳамкорӣ ва ҳалли масоили минтақа, қабули маҳакҳои минтақавии умумӣ барои ҳама кишварҳои он муҳим аст. Маҳаки минтақавӣ ҳифзи экосистема мебошад. Масъала маҳз сари ҳамин аст – мо ба наслҳои оянда чиро ба мерос мегузорем. Бояд аҳамияти худро маҳз ба ҳамин суол равона кунем.”
Муҳаммадҷонов оиди ҳифзи манобеъи обӣ гуфт, ин вазифаи аслии ҳар кишвар буда, бояд дар ҳар ҳолат иҷро шавад, аммо лозим аст иҷроиши он дар ҳамдастӣ бо ҳама кишварҳои минтақа сурат гирад ва изҳори умед намуд, ки дар Осиёи Марказӣ чунин ҳамкориҳо солҳои наздик роҳандозӣ хоҳанд шуд.
Ислом Икромов, сардори кафедраи мелиоратсия,рекултиватсия ва ҳифзи заминии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон низ гуфт, ки манобеи об, монанди ангишт, нафт ва газ, аз ҷумлаи манобеъи табиӣ мебошанд ва пешниҳод намуд механизми ягонаи байналхалқӣ барои идораи ҳама манобеъи табиии кишварҳои ҳам болообу ҳам поёноб таҳия шавад: “Ҳар як кишвар бояд барои амалисозии чунин механизм ҳавасманд бошад. Дар ҳоли ҳозир ҳар давлат манобеъи обиро мувофиқи хоҳиши худ истифода мебарад”.