Шаҳрдорӣ хабари гирдиҳамоии эътирозиро рад кард
Дафтари матбуотии шаҳрдори Уш хабари гирдиҳамоии эътирозии аҳзоби сиёсиро бо тақозои бекор намудани натиҷаи интихоботи маҷлиси маҳаллӣ рад кард.
«Ман ҳамин ҳоло ба майдон баромадам. Ҳама ҷо оромӣ аст. Издиҳоми мардум нест»,-гуфтааст як масъули дафтари матбуотӣ ба торнамои K-News.
Тологон Келдибоев, раҳбари ҳизби «Қирғиз-Ота» зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Уш гуфтааст, гирдиҳамоӣ бо далели тамринҳои ҷашни истиқлолият баргузор нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, эътирозгарон ду шарт доранд: бекор намудани натиҷаҳои овоздиҳӣ дар Қара-Суу (маҷлиси шаҳрӣ) ва истеъфои раҳбарони мақомоти маҳалӣ, ҳифзи ҳуқуқ, гумрук ва ғайраҳо.
8-уми август зимни баргузории интихоботи маҷлиси шаҳрии Қара-Суу ҷанҷол шуда, ба даргирии мусалаҳона печид.