Э.Раҳмон ва Марианӣ резиши сармояҳои аврупоӣ ба Тоҷикистонро баҳс карданд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 20-уми август зимни мулоқот бо вакили парлумони Фаронса ва намояндаи махсуси Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Тиерри Марианӣ масоили гуногуни ҳамкорӣ бо Аврупоро баррасӣ намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷонибҳо ба масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат ва амнияти минтақавӣ, иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, обу энергетика ва экология таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.
Авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва таъсири он ба минтақа ва ҷаҳон, хусусан пас аз соли 2014, таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо ин кишвар, мусоидат ба нерӯҳои марзбон ва дигар сохторҳо барои муқовимат бо хатарҳои ҷаҳони муосир аз мавзӯъҳои марказии суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Марианӣ арзёбӣ мешавад.
Ҷонибҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон ворид шудани ширкати нафту гази фаронсавии Total, ки шуҳрат ва нуфузи ҷаҳонӣ дорад, қадами барҷаста дар роҳи резиши сармояҳои аврупоӣ ва ҷаҳонӣ ба бахши нафту гази кишвари мо номидаанд.