ВКД дар бораи шабохун ва қатли як оила дар “Чоркуҳ”
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон барои санҷиши шабохуни мусаллаҳона дар ҷамоати Чоркуҳ, ки дар натиҷа чор узви як хонавода ба ҳалокат расидаанд, гуруҳи махсуси фаврӣ тафтишотӣ созмон дода, таҳқиқи қазияро зери назорати шахсӣ гирифтааст.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, шаби 19 ба 20 августи соли равон, тахминан соатҳои 3:00- дақиқа, шахсони номаълум ба хоначаи мавсимии воқеъ дар назди хоҷагии деҳқонии №5, ҷамоати деҳоти «Чоркуҳ»-и ноҳияи Исфара даромада, шаҳрванд Халлоқов Бобо соли таваллудаш 1952, сокини ҷамоати деҳоти «Чоркӯҳ», кӯчаи Холисон, хонаи 454, ҳамсараш Халлоқова Мӯҳтарама соли таваллудаш 1953, духтараш Мамадҷонова Гулчеҳра Бобоевна соли таваллудаш 1975, ки ба меҳмонӣ омада буд ва наберааш Халлоқов Иноятулло соли таваллудаш 2000-умро, ки дар мавсими киштукор муваққатан дар онҷо зиндагӣ мекарданд, тавассути яроқи оташфишон парронда, ба ҳалокат мерасонанд.
Ин ниҳод мегӯяд, барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. Айни ҳол ба гуфтаи манобеи “Озодагон” ташхиси ҷасадҳо анҷом ёфта мақомот барои дафни онҳо иҷозат додаанд ва интизор меравад соати 18:20 дақиқаи бегоҳ маросими ҷаноза баргузор гардад.
Ин дар ҳолест, ки дар шабохуни мусаллаҳона, ки шаби 19 ба 20-уми август, дар ҷамоати Чоркуҳ, дар наздикиҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон болои як хонаводаи тоҷик сурат гирифтааст, се узви ин оила ҷон ба саломат бурдаанд.