Дастдарозӣ ва куштори писари 9-сола дар Хатлон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, тахминан соати 18.00-дақиқаи рӯзи 19 августи соли равон аз ҳудуди заминҳои чарогоҳи хоҷагии деҳқонии Асадулло, ҷамоати деҳоти Даҳана-киики ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ҷасади ноболиғи 9-сола бо аломатҳои бачабозӣ ва марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.
Ба иттилои манбаъ ҳангоми азназаргузаронии ҷасад дар бадани ноболиғ 16 зарбаи олоти тези бурандаю халонидашуда ба қисмати гардан, аз пеш ва қафо ба назар мерасид.
Ин ниҳод мегӯяд, айни ҳол барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткорон бо фармони вазири умури дохилӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон гурӯҳи махсуси фаврӣ-тафтишотӣ созмон дода шуда, рафти тафтишоти он зери назорати бевоситаи вазири корҳои дохилӣ қарор дорад.