Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо СММ ва ИМА ба баррасӣ гирифта шуд
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Александр Зуев, ҳамоҳангсози доимии СММ ва намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.
Масоили ҳамкориҳои Тоҷикистон бо СММ ва ниҳодҳои вижаи дар кишвари мо фаъолиятдоштаи он дар меҳвари мулоқоти ҷонибҳо қарор доштааст.
Ҳамчунин, Ҳамрохон Зарифӣ бо сафири фавқулода ва мухтори ИМА дар Тоҷикистон Кен Гросс мулоқот намуд. Тавре аз вазорати корҳои хориҷӣ ба «Озодагон» гуфтанд, дар ин дидор ҷонибҳо перомуни муносибатҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистон ва ИМА, вазъи Афғонистон, ҳамкорӣ дар чорчӯби амалиёти зиддитеррористӣ дар ин кишвари исломӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифтааст.{jathumbnail off}