Сабти номзадҳо ба мақоми президентӣ оғоз шуд
Имрӯз, 20-уми август сабти номзадҳо ба мақоми раёсатҷумҳурӣ дар Озорбойҷон шурӯъ гардид. Интихоботи президентӣ дар ин кишвар 9-уми октябр баргузор мешавад.
Мудаии курсии раёсатҷумҳуриро зарур аст, на пештар аз 50 рӯз ва на дертар аз 30 рӯз то замони райъдиҳӣ асноди заруриро ба маркази интихобот таслим намояд. Миёни ҳуҷҷатҳо бояд 40 ҳазор имзои интихобкунандандаҳо ва маълумот дар бораи сарчашмаи даромад ва дороиҳо низ бошад.
То имрӯз теъдоди номзадҳо ба 20 нафар наздик шудааст. Барои пирӯзии номзад дар даври аввали интихобот бояд беш аз нисфи овозҳоро соҳиб шавад. Даври дуюм якшанбеи дуюми баъди баргузории интихобот миёни ду муддаие баргузор мешавад, ки райъи нисбатан зиёдро гирифтаанд.
Натиҷаҳи интихоботро суди конститутсионии Озорбойҷон давоми 14 рӯзи баъди интихобот эълон мекунад.