Ваҷҳи нав дар баҳси Абдуқаюми Қаюмзод бо Радиои Озодӣ
Додгоҳи марҳилаи касатсионии шаҳри Душанбе, имрӯз, 20-уми август, даъвои Абдуқаюми Қаюмзод, журналисти тоҷикро, ки талаб дорад, ба ҷои кораш дар Радиои Озодӣ барқарор шавад, рад намуда, қарори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомониро дар ин маврид бетағйир гузошт.
Абдураҳмон Шарифов, намояндаи Қаюмзод мегӯяд, дар баҳси касатсионӣ ҷониби “Озодӣ” ваҷҳи навро ироа намудааст, ки гӯиё ба Қаюмзод пешниҳоди кор дар Прагаро карда буданд, вале журналист инро рад намудааст: “Дар баҳсҳои қаблӣ як аз ваҷҳҳои ҳимояи Қаюмзод ин буд, ки дар сурати надодани акредитатсия Радиои Озодӣ имкон дошт, Қаюмзодро дар хориҷ аз кишвар, Бишкек ё Прага бо кор таъмин намояд. Ҷониби “Озодӣ” дар мавриди ягон мавқеъгирӣ намекард. Аммо имрӯз ғайриинтизор намояндаи додситонӣ дар баҳси касатсионӣ изҳор дошт, ки ба Қаюмзод кор дар Бишкеку Прагаро пешниҳод намудаанд вале ӯ рад кардааст.” Ҷониби Қаюмзод мегӯяд, чунин пешниҳодро нагирифтааст.
Абдураҳмон Шарифов афзуд, ки ният доранд, ба марҳилаи болотари додгоҳ муроҷиат намоянду аз ҳаққи Қаюмзод ҳимоя кунанд: “Аммо аз ин пештар мехоҳем ба масъалаи акредитатсия рӯшанӣ андозем. Мехоҳем, донем, ки мушкил дар қонунгузорӣ аст ё дар татбиқи қонунҳо. Масъалаи акредитатсияро Вазорати умури хориҷӣ ба шахси ҳуқуқӣ ҳал мекунаду дар миён ҳуқуқҳои меҳнатии коргар поймол мешаванд. Ин ҳамаро баррасӣ карда, ба марҳилаи болотари додгоҳ хоҳем рафт.”
Абдуқаюми Қаюмзод аз соли 2001 то моҳи декбари соли гузашта ба Радиои Озодӣ гузориш медод. Аммо дар моҳи декабри соли гузашта Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ӯро огоҳ кардааст, ки сабти номаш тамдид намешавад ва ӯ дигар ҳаққи гузориш додан ба Радиои Озодиро надорад. Дар пайи ин, Радиои Озодӣ шартномаи ҳамкорӣ бо Абдуқаюми Қаюмзодро қатъ кардааст.
Аммо рӯзи чоруми июни соли ҷорӣ зимни мурофиаи додгоҳӣ Муродбек Асламов, намояндаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, гуфт, баъд аз анҷоми муҳлати аккредитатсияи Абдуқаюми Қаюмзод вазорат 5-уми ноябри соли 2012 Радиои Озодиро расман огоҳ кардааст, ки фаъолияти ин хабарнигор 31-уми октябр анҷом ёфта, то сабти номи дуборааш набояд гузориш диҳад. “Лекин бо вуҷуди огоҳии вазорат мо ҳисоб кардем, ки беш аз 20 матлаби Қаюмзод дар радио пахш шуданд. Ин мухолифи муқаррароти додани аккредитатсия аст ва бинобар ин вазорат ба хабарнигор акредитатсия надод”,-афзуд Муродбек Асламов.
Абдуқаюми Қаюмзод ҳам гуфт, аз ин огоҳии Вазорати умури хориҷӣ огоҳ набуд ва ин суолро пеш гузошт, ки дар ҳоле фаъолияти ӯ манъ будааст, чаро роҳбарияти радио, аз ҷумла Соҷидаи Мирзо, раиси бахши тоҷикии он, иҷозат додааст, то матлабҳояш нашр гарданд. Қаюмзод гуфт, “агар роҳбарияти Радиои Озодӣ ҳамон замон, баъд аз огоҳии Вазорати умури хориҷӣ ба ман мегуфтанд, ки фаъолияти ту минбаъд дар радио мумкин нест, ман ҳам корро идома намедодам. Аммо дар бораи чунин огоҳиномаи Вазорати умури хориҷӣ нагуфтанд.”
Он замон Хуршед Андамов, раҳбари дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе, гуфта буд, ин шарҳи намояндаи Вазорати умури хориҷиро дуруст намеҳисобанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, Вазорати умури хориҷӣ онҳоро дар бораи пахшу нашр накардани гузоришҳои Абдуқаюми Қаюмзод огоҳ накарда буд. Қаблан Хуршед Андамов (Хуршеди Ҳамдам), дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, “ҳам роҳбарияти "Озодӣ" дар Душанбе ва ҳам дар Прага аз қатъи ҳамкорӣ бо Абдуқаюми Қаюмзод хеле мутаассиф аст. Сабаби аслии қатъи қарордод аккредитатсия нашудани Қаюмзод дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мебошад. Бо вуҷуди баҳсу баррасиҳои роҳбарияти Радиои Озодӣ ба Вазорати умури хориҷӣ ин ниҳод ба Қаюмзод аккредитатсия надод ва дигар мо маҷбур шудем, қарордодро қатъ кунем, чун тибқи қонунгузориҳои Тоҷикистон хабарнигор бе сабти Вазорати умури хориҷӣ ҳақ надорад, дар “Озодӣ” кор кунад.”
Андамов таъкид кард, қатъи қарордод бо Қаюмзод дар доираи қонунгузории Тоҷикистон сурат гирифтааст: “Дар Кодекси меҳнат ҳолатҳое пешбинӣ шудаанд, ки қатъи қарордоди меҳнатӣ бидуни хоҳиши тарафҳо сурат мегирад.”