Қабули лоиҳаи ниҳоии консепсияи пешазинтихоботии “ислоҳотхоҳон”
Лоиҳаи ниҳоии консепсияи пешазинтихоботии Итиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) баъд аз ворид намудани тағйиру иловаҳо бо аксари оро қабул гардид.
Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, лоиҳаи Консепсияи ИНИТ имрӯз 20-уми август зимни ҷаласаи гуруҳи кории ин иттиҳод дар қароргоҳи Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон қабул карда шуд.
Охири ҳафтаи гузашта ислоҳотхоҳон лоиҳаи консепсияи пешазинтихоботиро барои баррасии шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дода буданд ва дар умум ба онҳо 547 тағйиру илова ва ҳамзамон 7 барномаи комили алтернативии консепсия пешниҳод гардидааст.
Сайфуллозода мегӯяд, бо назардошти ҳамаи пешниҳодҳо имрӯз лоиҳаи ниҳоии консепсия қабул гардид ва дар назар аст, ки дар ҷаласаи навбатии ИНИТ рӯзи 24-уми августи соли ҷорӣ ба тасвиб расад.
Маврид ба зикр аст, ки дар аввоили моҳи июл намояндагони аҳзоби сиёсӣ, коршиносон, ҳуқуқдонҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешниҳоди номзади ягона ва ширкат дар интихоботи президентӣ гурӯҳи корӣ ташкил карда буданд. Дар ҳамоиши қаблӣ Раҳматулло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, пешниҳод кард, номзади ягона барои чаҳор сол ба мақоми президентӣ интихоб шуда, баъзе аз салоҳиятҳояш маҳдуд шавад.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломӣ, ки дар ин мавзӯъ изҳори назар мекард, гуфт, “президенти оянда бояд барои як давраи гузариш интихоб шавад, агарчи Қонуни асосӣ салоҳияти 7 сол медиҳад. Вале бояд он номзад тааҳҳуд бидиҳад ба нерӯҳои ислоҳотхоҳ ва ҷомеа, ки дар як муддати гузариш на бештар аз 3-4 сол барномаи муштараки моро амалӣ мекунад ва шароитро барои интихоботи демократии дигари президентӣ омода месозад ва муҳимтар аз ҳама президенте, ки дар ин давра интихоб мешавад, ҳаққи номзад будан пайдо нахоҳад кард.”
Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон, қарор аст, моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор шавад, то кунун танҳо Ҳизби ҳокими халқӣ-демокртаӣ эълон кардааст, ки бо номзади худ дар интихобот ширкат хоҳад кард. Инчунин, Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ, низ чанде пештар дар ҷавоб ба саволи корбарони шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” эълон дошт, ки агар нерӯҳои демократӣ бихоҳанд, ба ҳайси номзади ягона иштирок мекунад. Аҳзоби дигар, аз ҷумла ҲНИТ низ изҳор дошт, ки дар интихобот ширкат мекунад.