Оғози таҳқиқи куштори “ваҳшиёна”-и як хонавода дар Чоркуҳ
Дар шабохуни мусаллаҳона, ки шаби 19 ба 20-уми август, дар ҷамоати Чоркуҳ, дар наздикиҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон болои як хонаводаи тоҷик сурат гирифтааст, се узви ин оила ҷон ба саломат бурдаанд.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” як манбаъ аз мудирияти ҷамоати Чоркуҳ хабар дода, афзуд, ки аз ҷумла духтару набераи дигари соҳибхона паноҳ бурдаанд, вале чор узви дигар ваҳшиёна кушта шудаанд: "Айни ҳол дар ҷои ҳодиса қарор дорам. Ҳамаи мақомоти дахлдор ба ҷои ҳодиса ҳозир шудаанд ва тафтишот идома дорад. Ин қазия номуайяниҳои зиёд дорад.”
Ба иттилои манбаъ шабохуни мусаллаҳона аз ҷониби афроди номаълум соатҳои 3:00 сурат гирифтааст, ки дар натиҷаи он 4 узви як хонавода, Бобо Ҳаллоқови 61-сола, ҳамсари ӯ, духтараш, ки ба меҳмонӣ омадааст ва наберааш ба ҳалокат расидааст. Ин манбаъ гуфт, набераи 12-солаи соҳибхона дар шуъбаи эҳёгарии беморхона ҷон бохтааст.
Дар мақомоти тоҷик аз шарҳи қазия худдорӣ карданд ва афзуданд, ки айни ҳол тафтишот идома дорад.