Интизориҳои вазири Нигерия аз ҳамоиши Душанбе
Нилуфари Карим, хабарнигори “Озодагон” дар ҳошияи анҷумани занон, ки дар доираи конфронси байналмилалии об дар Душанбе баргузор гардид, бо хонум Сара Рен Очиппӣ, вазири захираҳои оби Нигерия суҳбати кӯтоҳе дошт.
Озодагон: Дар Нигерия аҳолӣ чӣ мушкиле бо об доранд?
Сара Рен Очиппӣ: Ман аз Нигерия ҳастам. Ин дар африқои ғарбӣ ҷойгир шудааст ва аҳолии мо 160,7 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки зиёда аз нисфи онро занон ташкил медиҳад. Дар Нигерия мо ду дарёи асосӣ дорем, ин дарёҳои Найҷа ва Пенвӣ мебошад. Кишвари мо аз 36 штат иборат аст ва инчунин мо минтақаи федералии марказӣ дорем. Албатта дар ин ду дарё мо захираҳои бисёр калони обӣ дорем. Лекин баъзе қисматҳои кишвар имрӯз хушк шуда истодааст. Чунки дар қисми шимолии кишвар масъалаи биёбоншавӣ ба миён омада истодааст. Албатта мо дар онҷо обанборҳои калони обиро сохтем, то обро нигоҳ дошта тавонем ва дар фаслҳои гуногуни сол мардумро бо об таъмин намоем. Барои ин мо якчанд системаҳо ташкил намудем, системаи таъминоти об дар шаҳр дар ҷойи деҳот. Инчунин системаҳои хурди обтаъминкунӣ ба монанди чоҳҳо, ки аз онҳо мардумро бо об таъмин мекунем. Айни ҳол 65 фоизи аҳолии мо бо об таъмин мебошанд, вале 35 фоизи дигари аҳолӣ бо оби нушокӣ дастрасӣ надоранд. Ғайр аз ин мо бо масъалаҳои санитарӣ ҳам сару кор дорем, ки дар ин ҷо ҷиҳати беҳтар намудани шароити санитарӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар мактабҳо кор мебарем. Албатта мо имрӯз дар байни мардум кор бурда истодаем, ки онҳо ҷойҳои кушодро барои ҳоҷатхона истифода набаранд, балки онҳо метавонанд ҳоҷатхонаҳои худро кофта дар он шароити зарурии санитарӣ фароҳам оварданд.
Озодагон: Ин 35 фоизе, ки гуфтед, аз куҷо обро пайдо мекунанд ва шароити зиндагиашон чихел аст?
Сара Рен Очиппӣ: Албатта онҳо аз ҳавзҳо истифода мебаранд. Обро аз аз дарёҳо мегиранд баъзеи онҳо дар хонаҳои худ чоҳҳоро кофтаанд боз баъзеи онҳо обро аз масофаи дур мекашанд. Барои обкашонӣ имрӯз асосан занон ва кӯдакон ҷалб шудаанд. Ин маънои онро дорад, ки кӯдакон ба ҷои таҳсил, вақти бисёри худро барои ҷустуҷӯ ва кашонидани об сарф мекунанд.
Озодагон: Обҳое, ки аҳолӣ менӯшад ба саломатиашон чӣ таъсир мерасонад?
Сара Рен Очиппӣ: Албатта дар ҷомеаҳое, ки оби нушокӣ тоза набошад, дар онҷо бемориҳои гуногун вуҷуд дорад. Имрӯз бемориҳои дарунравӣ ё тиф тавассути оби нушокӣ паҳн мешаванд.
Озодагон: Шумо мушкилиатонро тавассути ҷомеаи байналмиллалӣ чӣ гуна метавонед, ҳал намоед?
Сара Рен Очиппӣ: Дар инҷо мо бо ташкилотҳои гуногуни байналхалқӣ кор карда истодаем ва бо онҳо шарик ҳастем. Шарикҳои мо пеш аз ҳама ташкилоти байналхалқӣ оид ба кӯмак дар масъалаи дастрасӣ ба об, Иттиҳоди Аврупо, созмонҳои машваратӣ ва Оҷонсии Ҷопон оид ба рушди байналхалқӣ мебошад. Инчунин Чин ба мо кӯмак расонда истодааст. Дар моҳи феврали соли ҷорӣ президенти мо як конфронси бузурги байналхалқиеро баргузор намуд, ки дар он масъалаи ҷамъ намудани маблағҳои иловагӣ ё сармоягузорӣ ба масоили об баррасӣ карда шуд. Албатта дар конфронс намояндагони зиёда аз 20 кишвар иштирок карда буданд. Дар он ҷо мо ба масъалаи таъминоти об эътибори хоса додем. Нигерия оид ба рушди саноат як тафоҳумномае ба имзо расонидем, ки дар доираи он бонки мазкур ба аҳолӣ қарзҳои хурд медиҳад. Қарзҳои мазкур барои таъминоти об истифода мешавад.
Озодагон: Чунин конфронсҳо барои бартараф намудани мушкилии об чӣ таъсир гузошта метавонанд?
Сара Рен Очиппӣ: Ман фикр мекунам, ки чунин конфронсҳо барои ба роҳ мондани истифодаи самаранок ва баробари об кӯмаки калон мерасонанд. Имрӯз дар ҷаҳон мебинем, баъзе кишварҳо захираҳои обии калон доранд, баъзеашон оби нокифоя доранд. Ин ба он оварда расонда истодааст, ки дар баъзе кишварҳо мардум обро сарфакорона истифода мебаранд, дар дигар ҷойҳо бошад обро аз меъёр зиёд истифода мебаранд. Барои ҳамин фикр мекунам, ки конфронси мазкур ҷиҳати ба имзо расонидан ва ба мувофиқа омадан оид ба истифодаи самараноки истифодаи об кӯмак мерасонад.