Омодагии Вазорати умури хориҷӣ барои берунои шаҳрвандон аз Миср
Вазорати умури хориҷии Қазоқистон омодагии худро барои баровардани шаҳрвандони кишвараш аз Миср эълон доштааст.
Нурҷон Айтманхонов, котиби матбуотии Вазорати умури хориҷии Қазоқистон мегӯяд, ин ниҳод ҳаводиси ахири Мисрро пайгирӣ дорад ва барои берун овардани шаҳрвандони кишвараш дар ҳоли омодабош қарор дорад.
Ба гуфтаи ӯ, Сафорати Қазоқистон дар Миср бо шаҳрвандони кишвари худ ҳамеша дар тамос буда, ҳоло ҳудуди 150 нафар мардуми қазоқ дар ин давлати арабӣ ба сар мебурдаанд: “Тибқи рӯйхати консулгарӣ дар умум ҳудуди 500 нафар аз шаҳрвандони Қазоқистон дар Миср ба сар бурад, айни замон дар ҳудуди ин кишвар тақрибан 150 нафар ҳузур дорад, ки аз ин нишондод 136 танро донишҷӯён ташкил меедиҳанд.”
Вазорати умури хориҷии Қазоқистон мегӯяд, дар мавриди шумораи сайёҳони қазоқ дар Миср иттилое надорад.