Ҳар калонсоли 10-ум дар Тоҷикистон фарбеҳ аст
Барномаи озуқаи Созмони милали муттаҳид мегӯяд, 9,9 дарсади сокинони калонсоли Тоҷикистон аз мушкили фарбеҳшавӣ ранҷ мебаранд.
СММ дар гузориши ҷадиди худ мегӯяд, айни ҳол дар минтақаи Осиёи Миёна 18,4 дарсади сокинони калонсол мушкили фарбеҳшавӣ доранд. Теъдоди нисбатан зиёди “фарбеҳон” дар Қазоқистон ба қайд гирифта шудааст, ки 24,4 дарсади калонсолонро ташкил медиҳад.
17,3 дарсади калонсолон дар Узбакистон низ ба мушкили фарбеҳшавӣ рӯ ба рӯянд. Дар Қирғизистон теъдоди сокинони болиғ, ки аз фарбеҳӣ ранҷ мебаранд, 17,2 дарсад ва дар Туркманистон 14,3 дарсадро ташкил медиҳанд.