Бенедитто: Об бояд воситаи ҳамкорӣ бошад, на низоъ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, президенти Шӯрои ҷаҳонии об, Бенедитто Брагаро, ки барои иштирок дар конфронси байналмилалии об ба Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз нақши Шӯрои ҷаҳонии об, ки чун созмони калидӣ дар ин соҳа беш аз 300 аъзо дорад, дар пазироӣ, тарғиб ва татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об арзи сипосу қадрдонӣ намуд.
Ба иттилои манбаъ Бенедитто Брага дар навбати худ аз пешсафии ҷаҳонии Тоҷикистон дар масоили вобаста ба об қадрдонӣ карда, изҳор дошт: “Мо мисли Тоҷикистон муътақидем, ки об бояд воситаи ҳамкорӣ бошад ва воситаи низоъ”.
Брага таъкид кардааст, ки “шӯрои ҷаҳонии об барои татбиқи амалии ташаббусҳои судманди Тоҷикистон дар соҳаи об минбаъд низ ҷаҳду талош хоҳад кард”.