“Нури Норак”, “Куктош”, “Бохтар”, “Далерон-Уротеппа” ва “Зарафшон” дар 1/8 финали ҶТ
Бозиҳои даври муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон дар минтақаҳои Душанбе ва Суғд баргузор шуда, панҷ дастаи лигаи аввал, ки дар баробари 10 клуби лигаи олӣ ҳаққи ширкат дар 1/8 финали мусобиқаро доранд, маълум гардид.
Дар минтақаи Душанбе «Нури Норак» баъди ду рақобат “Саройкамар”-и Панҷро аз бозӣ берун кард. Тими «Куктош+С»-и ноҳияи Рӯдакӣ ҳар ду рақобат бо «Ҳулбук»-и Восеъро бар нафъаш поён бурд.
“Бохтар” ҳарифаш «Ҳосилот»-ро бидуни мушкил шикаст дод.
Аз минтақаи Суғд “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан ва “Зарафшон”-и Панҷакент ба 1/8 финал роҳ ёфтанд.
Имрӯз, 19-уми август боз як даста аз ин минтақа “Спитамен” ё “Эсхата” ба даври баъдӣ роҳхат мегирад.
Қуръакашии даври 1/8 финалии мусобиқаи Ҷоми Тоҷикистон сешанбеи 20-уми август дар Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор мешавад.
Акс аз торнамои ФФТ